Ҳафтаи гузашта, прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, як рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 7 соли зиндон хостааст. Худи ӯ зимни баромадаш дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кардааст.
Яке аз наздиконаш бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, дар мурофиаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, худи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам баромад кард ва ҳамаи айбҳое, ки аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ нисбаташ ироа гардид, рад намуд.
“Вакили дифоъ ба ҳама айбҳое, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро гунаҳкор мекунанд, далел пешниҳод кард ва бегуноҳ будани ӯро собит кард. Вале тавре мебинем, аз ҷониби додрас ин далелҳо ба назар гирифта нашуд”, - гуфт манбаъи мо.
Муҳаббатшоҳ Баллаев, вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” талаби айбдоркунандаи давлатиро нисбати зерҳимояаш тасдиқ кард ва гуфт, дар бораи рӯзи эълони ҳукм чизе нагуфтаанд.
Гуфта мешавад, ки мурофиаи навбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) бидуни ширкати наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода баргузор шудааст. Дар он танҳо вакили дифоъ ширкат кардаасту халос.
Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.
Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола ва падари чор фарзанд моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст.
Мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи 13-уми октябр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуд ва ду ҳафта баъд аз оғози мурофаи ӯ дар номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.
Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи чаҳор журналисту блогнависи тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт ва аксари онҳо ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.
Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳоло танҳо баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода идома дорад ва интизор меравад имрӯз ё пагоҳ ҳукми ӯ низ хонда шавад.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Ҷавоби Фиръавн"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста