Аз 10 январ дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона то 2-7 ва шабона баъзан то 12-17 дараҷа хунук мешавад. Ҳамчунин рӯзҳои 10 ва 11 январ дар саросари ҷумҳурӣ борон ва барфи тар меборад. Тасмим гирифтем бифаҳмем, ки оё бар асари сармо таътили мактабхонҳо дароз мешавад ё на.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Сафарзода хабар дод, тамдиди муҳлати таътили зимистонаи мактабхонҳо ба нақша гирифта нашудааст.

“Мисли солҳои пеш то 10 январ истироҳат карда, рӯзи 11 январ ба таҳсил мебароянд”, - иброз дошт Сафарзода.

Ҳоло маълум нест, ки бар асари афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории зуком (грипп)-и мавсимӣ, карантин ҷорӣ шуда метавонад ё на.

“Баъди ба таҳсил баромадани мактабхонҳо вазъиятро арзёбӣ мекунем. Агар то замони оғози чоряки нав зиёда аз 50%-и хонандагон бемор бошанд, пас тасмим хоҳем гирифт”, - изҳор дошт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Ба далели вазнинтар шудани зуком дар мавсими имсола, дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати тандурустӣ ба шӯъбаҳои зерсохтори худ дар шаҳру ноҳияҳо дастур дода буд, ки бо шӯъбаҳои маориф ҳамкорӣ карда, вазъро зери назорат гиранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат изҳор намуданд, ки маризие, ки дар Тоҷикистон паҳн мешавад, зукоми мавсимӣ буда, «дар он ҳеҷ чизи хатарноке нест», ҳарчанд аломатҳои он ба коронавирус шабоҳат доранд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Эҳтимол меравад, ки рӯзҳои наздик ҳарорат дар Ӯзбекистон то ба 30 дараҷа хунук мерасад. Чоряки сеюми соли хониш рӯзи 18 январ оғоз мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.