Ягона фарзанди Сайёра Дусаева, шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде пеш барои ҳимояи худ ва номуси хеш даст ба куштори ошпази тарабхонае дар Маскав зад, ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки Абубакр Дусаеви 8-сола бинобар бесарпаноҳ мондан бо мусоидати Хадамоти консулгарии Сафорат рӯзи 24-уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд.
Манбаъ гуфт, ки ин ҳоло дар назди хешу табораш қарор дорад.
"Аз ҷониби Сафорат ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ноболиғи болозикр омода гардида, барои фиристодани ӯ ба назди хешу табори наздикаш ба Ватан мусоидат карда шуд", - гуфтанд аз Сафорат.
Ёдовар мешавем, ки Сайёра Дусаева, зани ҷавони тоҷик барои куштори ошпази як қаҳвахона дар Маскав гумонбар мешавад. Тибқи навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 4-уми январи соли 2023, дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав, аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар мезанад. Марди ҳамлавар баъдан ба ҳалокат мерасад.
Дар наворе, ки расонаҳои русӣ паҳн намуданд, саҳнаи муноқиша нишон дода мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво мебинад ва шаъну шарафи ӯро паст мезанад. Сайёра Дусаева маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо истифода аз корд худро аз марди ҳавлавар ҳимоя кунад.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буданд, ки барои Сайёра Дусаева вакили дифоъ ҷудо карда шуда, парвандаи ӯ таҳти пайгирии Сафорат қарор дорад.
Қаблан дар робита ба ин қазия Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия низ мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани қазияи Сайёра Дусаева ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд.
Додситонии куллии Тоҷикистон низ бо ирсоли дархост аз Додситонии кулли Русия хоста буд, ки қазияи Сайёра Дусаеваро холисона тафтиш намояд.





Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мурабаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста