Соли 2022 дар вилояти Суғд 38 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ноболиғон сабт гардидааст. Дар ин хусус Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, дар маҷмуъ соли 2022 дар ҳудуди вилоят 202 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 38 адади он ба ноболиғон марбут аст. Аз ин шумора, 167 адад худкушӣ ва 35 адади онро сӯиқасд ба худкушӣ ташкил медиҳад.
“Дар робита ба ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он соли гузашта 20 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, пас аз тафтишот барои моҳиятан баррасӣ гаштан ба судҳои дахлдор ирсол гардид”, - гуфт Фурқат Хоҷазода.
Бино ба иттилои ӯ, омори худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар ҳудуди вилоят нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, аммо дақиқ нагуфт, ки таносуби коҳиш чӣ миқдор аст.
Дар умум, соли гузашта аз тарафи 169 нафар ноболиғон дар вилояти Суғд 195 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин назар ба соли гузашта, 1 адад кам аст. Аз ин шумора, 109 нафар хонандаи мактаб ва 47 нафари дигар бекор буда, таҳсил намекунанд.
Ҷиноятҳое, ки ноболиғон бештар содир кардаанд:
- дуздӣ 117 адад;
- авбошӣ 25 адад;
- расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 16 адад;
- ҷиноятҳои дигар 37.
Аз маҷмӯи ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон 120 ҳолат дар танҳоӣ ва 24 ҳолат гурӯҳӣ содир гаштааст.
Ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон бештар дар шаҳру ноҳияҳои зерин содир гардидааст:
- шаҳри Гулистон - 8 адад;
- шаҳри Бӯстон - 5 адад;
- ноҳияи Ҷаббор Расулов - 5 адад;
- ноҳияи Спитамен - 4 адад;
- ноҳияи Шаҳристон - 4 адад;
- ноҳияи Мастчоҳ - 3 адад;
- ноҳияи Деваштич - 3 адад;
- шаҳри Истиқлол - 3 адад.
Дар маҷмӯъ, соли 2022 дар вилояти Суғд 6165 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 463 ҷиноят кам мебошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста