Имрӯз дар боғи "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе дар назди шаршара Фестивали бозиҳои миллӣ ҷараён дорад, ки тақрибан 50 намуди бозиҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар ин ҷо натанҳо бозиҳои варзишӣ, балки бозиҳои маъмулӣ кӯчагӣ, аз ҷумла ламкабозиву буҷулбозӣ ва ғайра  ҳам ҳаст, ки падарону модароён ва бобову бибиҳои мо бозӣ мекарданд. Шояд бархе аз кӯдакони имрӯза аз ин бозиҳо ҳатто хабаре ҳам надоранд.

Барои дӯстдорони бозиҳои зеҳнӣ (фикрӣ) минтақаи алоҳида ҷудо шуда, дар он шоҳмоту шашкабозӣ мекунанд.

1/26

Фестивал айни замон идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.