Аввали моҳи апрел дар саросари Тоҷикистон боридани борон пешгӯӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ.

Дар Душанбе аллакай аз пагоҳ, 1 апрел боридани борон оғоз мегардад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи 2 апрел дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар аст, вале алакай бо оғози ҳафтаи оянда – аз 3 апрел боз борон меборад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ аз 1 то 5 апрел ҳам дар водиҳо ва ҳам ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф) пешбинӣ шуда, ҳарорат ба мисли пойтахт хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон бо шумули шаҳри Бохтар рӯзҳои 1 ва 2 апрел дар умум боришот дар назар нест, лекин аз 3 апрел то нимаи ҳафта ҳам рӯзона ва ҳам шабона борон меборад. Ҳарорат рӯзона аз 21 то 26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд низ аз 3 апрел боронҳо оғоз гардида, ҳарорат 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ВМКБ боришот ба мисли Душанбе мешавад, яъне пагоҳ борон борида, рӯзи дигар қатъ мешавад. Рӯзҳои 3-5 апрел борон беист меборад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд, инчунин ғарби ВМКБ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.

Ба сурати умум, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, моҳи апрел миқдори боришоти атмосферӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди меъёр дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.