Ба ҷавони тоҷик ва ҳамсараш, ки чанде пеш Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯро барои ифтор ба хонаашон даъват карда буданд, раводиди Ҳаҷи умра тақдим гардидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин ҷавон Асадулло Садриддинов, сокини ноҳияи Айнӣ буда, сафир, яке аз роҳбарони сандуқҳои кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон ва ҳайати ҳамроҳони онҳоро ба хонаи худ, барои ифтор (хӯроки шом) даъват кардааст. Сафир ва ҳамроҳони ӯ он рӯз аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, баъди тақсими кумакҳо ба манотиқи аз заминларза зарардида бармегаштанд.
“Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд. Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Арабистони Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки омодааст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад”, - гуфт манбаъ.
Раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон омодагии худро барои пардохти харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи Асадулло ва ҳамсараш баён доштааст.
Ёдовар мешавем, ки бо гузашти як ҳафта аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки хонаву иншооти зиёд зарар диданд, сафири Арабистони Саудӣ кумаки давлаташро якҷо бо ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ба аҳолии зарардидаи ноҳия дастрас карда буданд.
Гуфта мешавад, ки кумаки давлати Арабистони Саудӣ аз се мошин, аз ҷумла бухорӣ (печ), болопушӣ пашмӣ (одеяло) ва ангишт иборат мебошад.




Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста