Саидмуҳаммад Одинаев, академик ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик шаби гузашта бар асари беморие, ки дошт, дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Фаъолияти илмии узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика, академик Саидмуҳаммад Одинаев дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент оғоз шуд.
Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи ДМТ таҳсил карда, соли 1983 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ва рисолаи докториашро соли 1995 дар Тоҷикистоне ҳимоя кард.
Солҳои 1999-2001 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ ва баъдан то соли 2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Хидматҳояш бо ордени “Шараф” арҷгузорӣ шуда, ӯ ба сифати узви пайвастаи чандин академияҳо (Академияи миллии илмҳои ҶТ, Академияи илмҳои Ню-Йорк, Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ) пазируфта шуда буд.
Ҳамзамон, узви бюрои шуъбаи илмҳои физикаю математика ва химияву геологияи АИ ҶТ, узви Комиссияи ҳамкорӣ бо МАГАТЕ дар назди Ҳукумати ҶТ, Раиси Шурои махсусгардонидашудаи илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ оид ба физика дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.
Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” даргузашти академик Саидмуҳаммад Одинаевро ба аҳли илм ва ҷомеаи кишвар таслият гуфта, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳад.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста