Дар шаш моҳи аввали соли 2023 нисбати 399 падаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва 392 падари “гуреза”-и дигар аз ҷониби суд ҳоло дар кофтуков қарор дорад. Дар ин бора имрӯз, 4-уми июл, дар нишасти матбуотӣ Барно Саидвализода, директори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон бинобар “бадқасдона саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент” 399 (2022 - 441) нисбати падар парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

“Ин парванда бо пешниҳоди иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар асоси талаботи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боз гардидааст”, - афзуд Барно Саидвализода.

Ин мансабдор илова кард, ки 392 падари дигар барои “саривақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон” аз ҷониби суд дар кофтуков қарор доранд.

Барно Саидвализода гуфт, дар шашмоҳаи гузашта аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро зиёда аз 19 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.

Бояд гуфт, ки мушкили саркаши аз пардохти алимент нав набуда, солҳои қабл низ мақомот ҷой доштани онро зикр мекарданд. Солҳои охир манъи хуруҷи нафарони саркаш аз пардохти алиментро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала муаррифӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.