Илҳом Маҳкамов ровии шинохтаи телевизиони Тоҷикистон субҳи 4-уми август даргузашт. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ солҳои ахир дар пайи беморӣ чанд дафъа ҷарроҳӣ шуда буд. Маросими ҷанозаи Илҳом Маҳкамов имрӯз Душанбе доир гардид.

Илҳом Маҳкамов солҳо муҷрии барномаи “Ахбор” бо забони русӣ буд. Ҳамзамон дар соҳаи синамо дар Тоҷикистон ва Русия кор мекард. Ӯ аз ҳамкорони Валерий Аҳадов, коргардони маъруфи синамо буд.

Тӯли чанд сол дар ширкати радио ва телевизиони “Мир” ба унвони продюссер фаъолият дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.