Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода ба бинокор аз Тоҷикистон Манучеҳр Расулов барои рафтори қобили таҳсинаш ифтихорнома тақдим кард: ӯ як зану кӯдакашро аз сӯхтор наҷот дод.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, дипломати ҷумҳурӣ ба шаҳрванди Тоҷикитсон барои ин ҷасораташ изҳори миннатдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 август Манучеҳр Расулов дар маҷмааи манзилҳои «Светлый» дар Екатеринбург зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтори дар ҳоли алангагирӣ наҷот дод.

Ба гуфтаи худи бинокор,  ӯ сӯхторро аз паси панҷараи хона дида, зан ба балкон баромадааст ва кӯдакро дар дастонаш нигоҳ медоштааст.

Вақте ки Манучеҳр ба ин ошёна мерасад, мебинад, ки ҳамсояҳои зан кӯшиш доранд, ки ба хона ворид шаванд, лекин талошҳояшон бенатиҷа аст.

Манучеҳр бо истифода аз болға дарро кушода, модару фарзандашро аз хона берун мебарорад. Сипас ӯ ба ҷойи кориаш баргашта, ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Манучеҳр Расулов барои ин амали ҷасуронааш аз ҷониби ширкати сохтмоние, ки дар он кор мекунад, низ бо мукофот сарфароз гардонида шуд.

Сурат: VK.com

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.