Як гурӯҳ сокинони шаҳри Душанбе даъво доранд, ки ширкати биносози “Рушди Душанбе” онҳоро фиреб дода, ду сол боз бехонаву дар гузоштааст. Намояндагони ширкат ҳозир нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд.

Сокинон мегӯянд, ки охири соли 2017 ширкати сохтмонии “Рушди Душанбе” хонаҳои онҳоро тахриб карда, ба ҷояш ду бинои 20 ва 22 ошёна сохтааст.

Дар асоси шартнома, сохтмони бино бояд соли 2021 ба анҷом мерасид. Аммо то ҳол бино пурра сохта нашудааст. Бар замми ин, ду сол ба ин сӯ сохтмони он боздошта шудааст.

Соҳибмулкон мегӯянд, масъулини ширкат ҳамоно ваъда медиҳанд, ки сохтмони биноро ба поён расонида, ба сокинон месупоранд, вале “дар амал ҳеҷ корашон маълум нест”.

Масъулини ширкат ба тамосҳои мо ҷавоб надоданд ва ҳозир нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пештар зимни суханронии худ дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе маҳз аз мавқуф гузоштани корҳои сохтмонӣ дар иншооти пойтахт нигаронӣ карда буд.

Бояд гуфт, ки ин авалин ҳолати шикояти сокинон аз кори ширкатҳои сохтмонӣ нест. Қаблан низ сокинони Душанбе аз кори ширкатҳои сохтмонӣ шикоят доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.