Дар интернет мо бо маводҳое дучор меоем, ки бо сарлавҳаҳои дурахшон, ҷаззобу риққатовар ва суратҳои ҷолиб моро «маҷбур мекунанд» ба сомонаю саҳифаҳои гуногун ворид шавем. Инро «Кликбейт» мегӯянд.
Ҳадафҳои кликбейт
Ҳадафи кликбейт ба даст овардани даромад аз онлайн - реклама буда, сифат ва саҳеҳияти иттилоот ба назар гирифта намешавад.
Дар баъзе ҳолатҳо даромад ҳадафи асосӣ набуда, кликбейт ҳамчун воситаи осони зиёд кардани шумораи хонандагони сомона ва ё ташвиқу паҳнкунии маводи алоҳида дар интернет, алахусус шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода мешавад.
Кликбейт инчунин метавонад ҳамчун воситаи паҳн кардани нармафзорҳои зараровар хидмат кунад.
Аломатҳои тавсифии кликбейт:
- сарлавҳаи ҳавасмандкунанда, аммо моҳияти иттилоот номаълум;
- ибораҳои намоишӣ (“ана ин”, “ин” “инҳо”) барои эҷоди ҳисси муколама бо хонанда;
- бо хонанда ба "ту" муроҷиат карда мешавад;
- истифода аз қолабҳое, ки хонандаро водор ба хондан ё клик ба сомона мекунад - "Шумо бовар намекунед!", "Шумо ҳеҷ гоҳ нафаҳмидаед ..." ва ғайра;
- истифодаи ғайримақсадноки нуқтаҳо, аломатҳои савол ва хитоб;
- фаровонии тавсифҳои иғроқӣ;
- дар сарлавҳа ҷой додани воҳидҳои фразеологӣ, ибораҳо аз нутқи ҳамарӯза ё кӯчагӣ;
- ҷумлаҳои ноқис, ки одатан эҳсоси тааҷуб ё лаззатро медиҳанд;
- истифодаи расмҳои ҷолиб ё ҳайратангезу шоккунанда;
- маълумотномаҳои бардурӯғ оид ба марг ё мусибате, ки гӯё бо шахси маъруф рух додаанд;
- ваъдаи фоида: пулҳои осон, молҳои бепул ё ғайриоддӣ, пасандозҳои калон;
- ваъдаи ифшои сирри махфӣ, ки донистани он манфиати муайяне медиҳад…
Барои ба доми кликбейт наафтодан ин маслиҳатҳоро иҷро кунед:
1) сарлавҳаҳо ва тавсифҳоро бодиққат хонед, баҳо диҳед, ки мундариҷа ба интизориҳо мувофиқат мекунад ё на.
2) Сарлавҳаҳои ҳассос ва ваъдаи даромади осонро нодида гиред.
3) Манбаи иттилоотро санҷед.
4) Ба суроғаи сомона ва домен диққат диҳед.
5) Аз ақли солим истифода баред ва ба итилооти шубҳаовар назари интиқодӣ дошта бошед.
Бохабар бошед ва ба доми кликбейт наафтед!
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста