Филми “Дов” дар кинофестивали “Шарқу Ғарб” дар шаҳри Оренбурги Русия соҳиби ҷоизаи асосии ҷашнвора – “Беҳтарин филм” шудааст. Дар ин бора “Суғд-синамо” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, инчунин ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманд”-и ин ҷашнвораи байнамиллалӣ ба ҳунармандони асосии филми “Дов” - Салоҳидин Шукурзода ва Абдулмуъмин Шарифӣ тақдим гардидааст.

Инчунин, филми "Дов" дар чорумин фестивали байнамиллалии  "Лендок" дар шаҳри Санк-Петербург соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филмнома" гардидааст.

Бори чандум аст, ки филми тоҷикии “Дов” ба гирифтани ҷоизаи асосии ҷашнвораҳо даст меёбад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2022 филми мазкур дар ҷашнвораи синамои миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардида буд. Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” низ ба Салоҳиддин Шукуров, иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ дар ин филм тақдим карда шуд.

Аз чап ба рост: Абдулмуъмин Шарифӣ ва Салоҳидин Шукурзода
саҳифаи Муҳиддин Музаффар дар Фейсбук

Баъд аз ин, дар шаҳрҳои гуногуни Кореяи Ҷанубӣ, Русия, ИМА, Ҳиндустон ва Эрон ба намоиш гузошта шуд.

Филми ҳунарии “Дов”бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз  ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябр, дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд.

Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, мисли Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши филми “Дов” вокунишҳоро дар пай дошт. Ҳарчанд он филм давоми як моҳ дар кинотеатри Ватан ба намоиш гузошта шуд, вале коргардони филм аз набудани тамошобин ва бетарафии аҳли зиё ба синамои миллӣ нигаронӣ кард.

Баъди ин нафарони зиёде, аз ҷумла хабарнигори “Азия-Плюс” бардошти худро аз ин филм навишт ва дар пасманзари баҳси синамои миллӣ як “Ток шоу” ҳам омода ва нашр гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.