Масъулини ноҳия мегӯянд, муассисаҳои давлатие, ки қарздор мешаванд, аз Душанбе маблағи кофӣ намегиранд. Аммо ин ягона сабаб нест.

Дар бораи қарздории беҳад зиёди минтақаи Кӯлоб аз неруи барқ (391 млн 546 ҳазор сомонӣ) ҳанӯз аввали тобистон ба хабарнигори “Садои мардум” роҳбари тиҷоратии филиали ҶС «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Кӯлоб Баҳром Ҳикматзода хабар дода буд.

Ба гуфтаи ӯ, он замон аз ин маблағ 232 млн 415 ҳазор сомониаш ба қарзи аҳолӣ рост меомад. Дар робита ба қарзи аҳолии камбизоат мо аллакай одат кардаем, лекин чаро корхона ва муассисаҳои давлатӣ қарзашонро намедиҳанд?

Роҳбарон дар маҳалҳо хароҷотро пинҳон мекунанд...

Роҳбари тиҷоратии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Ховалинг (ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дохил аст) Наврӯз Қурбонов мегӯяд:

- Қарзи истифодаи барқ дар корхонаву муассисаҳои буҷетӣ зиёд мешавад. Сабаб дар он аст, ки аҳолӣ зиёд мешавад ва дар баробари он шумори муассисаҳои давлатӣ низ зиёд мешавад.

Яъне бо афзоиши аҳолӣ маҳаллаҳои аҳолинишини нав ва ҳамзамон зерсохтори зарурӣ барои онҳо - мактабу муассисаҳои тиббии нав бунёд карда мешаванд. Хароҷоти буҷети ноҳияҳо бошад ё ба таври начандон зиёд афзоиш меёбанд ё умуман зиёд намешавад.

Роҳбари “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Кӯлоб Баҳром Мирзоев низ афзоиши қарз аз барқро дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ зикр мекунад.

Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, дар нарасидани маблағ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ худи онҳо гунаҳкоранд.

- Сабаб дар он аст, ки корхонаю муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи хароҷоти истифодаи нерӯи барқ ​​барои як сол 3 ҳазор сомонӣ нишон медиҳанд.

Аммо дар асл, неруи барқро ба маблағи зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ истифода мекунанд.

Зимни муроҷиат ба онҳо мо ҳамеша ишора мекунем, ки бо хароҷоти 6 ҳазор сомонӣ дар соли гузашта ба ҳеҷ ваҷҳ дар нақшаи хароҷоти нав набояд боз 3 ҳазор сомонӣ нишон дода шавад.

Лекин сарфи назар аз маслиҳату машварати мо, онҳо дар хароҷот боз рақамҳои соли гузаштаро нишон медиҳанд ва ба ин тариқ, қарзҳояшон сол то сол зиёд мешавад.

- Ба фикри ман, агар ин мансабдорон дар бораи корхонаи худ фикр кунанд ва виҷдонашон соф аст, бояд ба раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии худ ҳуҷҷатҳои боэътимодро пешниҳод кунанд. Бовар дорам, ки дар он ҷо онҳоро дастгирӣ намуда, кумак мекунанд.

Лекин ба назар мерасад, ки роҳбарони маҳаллӣ ба ин манфиатдор нестанд.

Сурат: Asia-Plus

... ва ба аз эътибор соқит кардани қарзҳо умедворанд

- Мо лоиҳаҳои буҷетии корхонаҳоро дар навбати аввал аз лиҳози моддаи пардохти маош меомӯзем, то ки ин пулҳоро харҷ накунанд, зеро ин моддаи ҳифзшуда мебошад, - мегӯяд Маъруф Ҷаъфарзода, сардори раёсати молияи минтақаи Кӯлоб.

Хароҷоти боқимондаи корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ мувофиқи салоҳдиди худи корхонаҳо ба нақша гирифта мешавад.

Бархе аз роҳбарон пулро ба таъмир ё сафарҳои хидматӣ, кадом як хароҷоти нолозим дар муқоиса бо ҳамон хароҷот барои истифодаи барқ масраф мекунанд.

Чаро онҳо ин тавр мекунанд? Бархе аз роҳбарои корхонаҳои буҷетӣ бар ин назаранд, ки харҷи маблағ барои пардохти истифодаи барқ он қадр шарт нест, зеро онҳо мутмаинанд, ки ягон вақт давлат ин қарзҳоро барои онҳо ҳамту аз эътибор соқит мекунад.

Сурат: Asia-Plus

Ҷаъфарзода барои намуна аз қарзи баъзе корхонаҳо мисол меорад:

- Вақте ки ман дар ноҳияи Восеъ ба ҳайси роҳбари бахши молия кор мекардам, қарзи Беморхонаи марказии ноҳия зиёда аз 100 ҳазор сомониро ташкил медод. Он замон Б.Тағоев сардухтури беморхона буд. Ӯ ба мо бо мактуб муроҷиат намуда, пардохти қарзро дархост кард ва ба мо муяссар шуд, ки дар ним сол бо қарори суди иқтисодӣ ин масъаларо ҳал кунем.

Дар пардохти он қарз ҳамчунин аз маблағҳои суратҳисоби махсуси худи Беморхонаи марказӣ ҳам истифода шуд.

Ин аввалин ва охирин роҳбар дар ноҳияи Восеъ буд, ки барои пардохти қарз (қиман бошад ҳам) аз истифодаи барқ кӯшиш кард.

Дар замони роҳбариам дар ноҳияи Восеъ ман дигар чунин роҳбаронро вонахӯрдаам.

Тарифҳо боло мераванд, вале кумакпулиҳо не

Собиқ иқтисодчӣ аз минтақаи Кӯлоб Сафармурод Суннатов мушкилоти дигари ба ақидаи ӯ муҳими сабаби аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ пардохт нашудани қарзро зикр мекунад.

- Барои пардохти маблағи истифодаи барқ раёсатҳои молияи шаҳру навоҳӣ ба корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ тибқи тарифҳои соли 2006 пул ҷудо мекунанд. Лекин аз соли 2006 арзиши ҳар як киловатти неруи барқ 14 маротиба ба андозаи 12-15% боло рафт.
Сурат: Asia-Plus

Мардуми одӣ азоб мекашанд

Сафармо Донаева, сокини ноҳияи Фархор аз оилаи камбизоат аст. Ҳамроҳи фарзандонаш дар замини пахта заҳмат мекашад, музди ночиз мегирад ва дар рӯзгор доимо норасоии пул эҳсос мешавад.

Чанде пеш ба ӯ лозим омад, ки аз маошаш барои ба беморхона рафтан аз деҳаи худ ба Кӯлоб пул сарф кунад.

- Барои дарди чашмам рафтам, - мегӯяд ӯ. - Лекин дар беморхонаи чашм барқ набуд. Он ҷо аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ мунтазир нишастам. Он ҷо ба ман гуфтанд, ки дар беморхона барқ нест, зеро ин муассиса аз истифодаи барқ қарздор аст ва интиқоли барқро ба он қатъ кардаанд. Лекин магар беморхона дар “хатти сурх” нест?

Сафармо натавонист, ки барои муоинаи чашмаш ба назди духтур дарояд.

Вақте ки рӯзи корӣ ба охир расид, ӯ ба хонааш баргашт. “Вақт ва пулро барои рафтан талаф дода, ҳеҷ гуна кумаке гирифта натавонистам”, - мегӯяд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.