Ясмина Алидодоваи 20-сола тоҷик аст ва дар Дубай ба сар мебарад. Ин овозхони ҷавон иштирокчии озмунҳои сершумори байналмилалӣ мебошад. Ахиран ӯ дар озмуни “X Factor”, ки дар он ҳунармандони ҷавони боистеъдод иштирок мекунанд, ширкат кард. Ин озмун дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад. Ӯ бо иҷрои таронаи “Nasini Donya” – “Ragheb Alama” ҳакамонро тасхир кард.

Дар ин бора ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ясмина ба озмуни мусиқии “X Factor” даъват гардид, вале шарти озмун ин буд, ки суруд бояд ба забони арабӣ сароида шавад. Ӯ ҳаяҷонзада шуд, чун забони арабиро намедонад.

“Ман ба ҳаяҷон уфтода будам, зеро забони арабӣ забони ман нест, аммо ба ҳар ҳол, тасмим гирифтам, ки аз фурсат истифода бурда, ба орзуям бирасам ва дар ин озмун ширкат варзам. Вақте ман ба саҳна баромада, ба ҳакамон гуфтам, ки забони арабиро намедонам ва аз Тоҷикистонам, доварон дар ҳайрат афтоданд. Онҳо гумон доштанд, ки шояд бо забони англистӣ суруд месароям”, - мегӯяд Ясмина.

Ясмина ҳамагӣ 4 рӯз дошт, то ин сурудро тамрин ва аз ёд кунад. Ва ӯ муваффақ шуд.

Сароянда, ҳунарманд ва модел

Ясмина аз синни 6-солагӣ ба овозхонӣ машғул аст, аммо озмуни мусиқии “Х Фактор” нахустин баромади бузурги ӯ пас аз танаффуси сесолаи эҷодӣ буд.

“Сурудхонӣ ҳамеша шавқи ман буд, аммо даврае буд, ки бинобар баъзе сабабҳо 3 сол аз сурудхонӣ даст кашидам. Вақте ки ба саҳна баромадам, дарк намудам, ки сароидан дар саҳна бароям хеле муҳим аст ва то охири умр бояд сароям”, - мегӯяд ин духтар.

Ясмина Алидодова бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва ҳиндӣ таронаҳо мехонад. Вай ба синни хурдсоли нигоҳ накарда, кӯшиш мекунад, ки асарҳои хеле мураккабро иҷро намояд.


Ӯ мусиқии тоҷикиро хеле дӯст медорад, аммо аз ҳама бештар аз таронаҳои Ариана Гранде, Йебба, Райе илҳом мегирад.

“Ин сарояндагон бо ҳузури худ дар саҳна, эътимоди худ, издиҳоми бузурги худ ба ман таъсир мерасонанд, ки ҳамаи ин барои ман дар саҳнаи касбӣ муҳим аст", - мегӯяд ӯ.

Ясмина барои ширкат намудан дар дигар фестивалҳои байналмилалии мусиқӣ талош мекунад. Аммо вай худро дар нақшҳои дигар низ мебинад. Зеро ӯ ҳам дар барномаи “X-Factor Arabia”, озмуни “Asias Singing Supertar” дар Ҳиндустон, ки дар он ҷо ба финал баромад, “Central Asias Got Talent” , ки дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гузашта буд, ширкат варзид. Инчунин дар филми “Meow” ва намоҳанги гурӯҳи “Sephora” нақш бозидааст.


Ӯ дар Тоҷикистон низ дар филми “Деҳкон”, ки коргардонаш Далер Раҳматов буд, нақш бозидааст.

“Ман сароянда, ҳунарпеша, модел ва раққоса ҳастам. Маҳорати худро дар ҳама самтҳо такмил медиҳам. Худо ва оилаи дӯстдоштаам ба ман кӯмак мекунанд. Ва ман мехоҳам, ки оилаи ман бо ман ифтихор кунанд”, - мегӯяд Ясмина.

Ясмина дар оянда мехоҳад оҳангсоз шавад ва мусиқии худро нависад.


Бояд гуфт, ки падари Ясмина Алидодова Умед Алидодов соҳибкор аст, модараш ҳамеша дар паҳлӯи ӯ ва бародари Ясмина футболбози тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ мебошад.

“Ман ҳар сол ба Тоҷикистон меоям, то бо пайвандонам мулоқот кунам. Ман аз Тоҷикистон хеле зиёд хотираҳои аҷиб дорам, дӯстони хеле хуб дорам ва хеле Тоҷикистонро дӯст медорам”, - мегӯяд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.