Қадами Қурбон, овозхон ва ширинкори тоҷик бо ҳамдеҳагонаш роҳи мошингарди деҳаи Чагам – Кӯлобро ободу васеъ кардаанд, аммо барои мумфарш кардани он маблағ наёфтаанд.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо ҳамдеҳагонаш якҷо роҳи мошингузари деҳаашонро васеъ ва тармим кардаанд, то мушкили мардум осон шавад, аммо хабари мумфарш кардани ин роҳ ҳақиқат надорад.

Дар хусуси мумфарш кардани роҳи Чагам – Кӯлоб аз ҷониби Қадами Қурбон чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоир Хайрандеш хабар дода буд.

Қадами Қурбон мегӯяд, ки дарвоқеъ бо ҳамдеҳагонаш роҳи Чагам – Кӯлобро каме фарроху ҳамвор кардаанд, вале “барои пурра мумфарш кардани он маблағ лозим аст”.

“Барои пурра мумфарш кардани роҳ маблағ лозим, вале мо чунин маблағро надорем. Хеле мехоҳем ин корро анҷом диҳем, ки меҳмоне ба деҳа ояд, роҳат аз роҳ истифода барад. Вале ҳоло шарит даст намедиҳад, ки ин корро анҷом диҳем”, - гуфт Қадами Қурбон.

Ӯ таъкид кард, ки дар ин кор ҳамаи ҳамдеҳагонаш саҳм гузоштаанд.

“Аз мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин техникаи лозима бо мутахассис  оварда, роҳро ҳамвор, фарох ва пок кардем”, - зикр Қадами Қурбон.


Дар идомаи суҳбат, Қадами Қурбон овозаҳо дар бораи он, ки баъди иштирок дар барномаи Андрей Малахов - “Песня от всей души”  серпул шудааст, рад кард.

“Ба ин барнома аз ҷониби ровии он даъват шудам. Хароҷоти рафту омад ҳам аз ҷониби дастандаркорони ин барнома пардохт гардид, аммо ба ман касе маблағ надодааст”, - гуфт Қадами Қурбон.

Ӯ мегӯяд, аз иштирок дар барнома рӯҳбаланд шудааст ва ҳангоми  муаррифии Тоҷикистон ҳаяҷонзада гардидааст, аммо бо ин ҳама кӯшидааст шоиста баромад намояд.

Қадами Қурбон дар бораи бархӯрди қисме аз ҷомеа ба баромадаш дар барномаи Андрей Малахов гуфт, ки “аз баромад шод шудам ва ҳеҷ кори баде накардаам”.

Бояд гуфт, ки моҳи гузашта овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон бо иҷрои таронаҳои шӯх дар барномаи “Песня от всей души”-и Андрей Малахов ширкат кард. Барнома рӯзи 29-уми октябри соли 2023, дар шабакаҳои телевизионии Русия нашр шуд.

Иштироки Қадами Қурбон дар ин барнома вокуниши гуногунро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Гуруҳе ӯро барои “муаррифии нодуруст”-и Тоҷикистон интиқод карданд, аммо теъдоде ҳам аз ӯ пуштибонӣ карда, зикр намуданд, ки ӯ ҳақ дорад дар дилхоҳ барнома иштирок ва баромад кунад.

Бояд гуфт, ки Қадами Қурбон яке аз овозхонҳои дар чанд соли охир шӯҳратёфтаи тоҷик аст, ки бештар сурудҳои шӯху тӯёна месарояд. Ӯ 1-уми феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст.

Ӯ дар мактаби №11-и ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 - 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хидмати ҳарбиро адо кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.