Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Меҳрубон Зокирӣ буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи  мавриди баҳс қарор додан ва иҷро намудани ҳалномаҳои арбитражиро баррасӣ карданд.

Дархост ҳамчун воситаи истисноии мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи арбитражӣ мебошад. Дархост ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ бо асосҳои пешбининамудаи қонун пешниҳод карда мешавад.

 

Эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражӣ:

Ҳалномаи арбитражӣ мумкин аст аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое бекор карда шавад, ки тарафҳои дархосткунанда чунин далелҳо пешниҳод намоянд:

- яке аз тарафҳо ҳангоми бастани созишномаи арбитражӣ пурра ё қисман ғайри қобили амал бошад, ё созишнома мутобиқи ҳуқуқе, ки тарафҳо ин созишномаро ба он тобеъ кардаанд ва дар ҳолати набудани чунин нишондод аз рӯи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор бошад;

- тараф ба таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии парванда огоҳонида нашуда бошад, ё бо дигар сабабҳои узрнок натавонистааст, ки баёноти худро пешниҳод намояд;

- ҳалномаи арбитражӣ оиди баҳсе бароварда шудааст, ки таҳти шартҳои он қарор нагирифтааст ё ин ки муқарраротеро дар бар мегирад, ки масъалаҳои он аз доираи созишномаи арбитражӣ берун мебарояд. Дар баробари ин, агар ҷудо намудани баъзе муқаррарот аз масъалаҳое, ки бо созишнома фаро гирифта нашудаанд, мумкин бошад, он гоҳ танҳо ҳамон қисми ҳалномаи арбитражӣ бекор карда мешавад, ки ба масъалаҳои фаронагирифтаи созишномаи арбитражӣ дахл дорад;

- ҳайати арбитраж ё тартиби баррасии парванда ба созиши тарафҳо мувофиқат накунад, агар чунин созиш ба қонун мухолиф набошад.

Ҳалномаи арбитражӣ, инчунин мумкин аст аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое бекор карда шавад, ки предмети баҳс тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад предмети баррасии арбитражӣ гардад ё ҳалномаи арбитражӣ ба тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

Дархост оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзе, ки тарафи изҳоркунандаи дархост ҳалномаи арбитражиро гирифтааст, пешниҳод карда мешавад.


 

Асосҳои рад кардани эътироф ё мавриди иҷро қарор додани ҳалномаи арбитражӣ:

Ҳангоми пешниҳоди дархост ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани ҳалномаи арбитражӣ, суди мазкур бо дархости яке аз тарафҳо баррасии дархостро оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ метавонад ба мӯҳлати муқаррарнамудаи худ, аммо на зиёда аз як моҳ, мавқуф гузорад, то ин ки ба арбитраж имконияти оғози баррасии парванда ё андешидани дигар амалҳоро диҳад, ки ба ақидаи арбитраж метавонанд асосҳои бекор намудани ҳалномаи арбитражиро бартараф намоянд.

Ҳалномаи арбитражӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида мешавад.

Ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ сарфи назар аз он, ки дар кадом давлати хориҷӣ қабул шудаанд, мутобиқи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мавриди иҷро қарор дода мешаванд.

Ҳалномаи арбитражӣ сарфи назар аз он, ки дар кадом давлат қабул карда шудааст, танҳо дар ҳолатҳои зерин метавонад мавриди эътироф ё иҷро қарор нагирад:

1) бо хоҳиши тарафе, ки ҳалнома муқобили он равона гардидааст, агар ин тараф ба суди босалоҳият, ки дар он эътироф ё мавриди иҷро қарор додани ҳалномаи арбитражӣ баррасӣ мешавад, далелҳои зеринро пешниҳод намояд, ки дар он:

- яке аз тарафҳо дар созишномаи арбитражӣ ғайри қобили амал бошад;

- созишномаи мазкур, ки ба он тарафҳо тобеъ мебошанд, мутобиқи қонун беэътибор бошад ва ҳангоми ҷой надоштани чунин ҳолат-мувофиқи қонуни давлате, ки дар он ҳалнома бароварда шудааст;

- тарафе, ки ба муқобили вай ҳалномаи арбитражӣ бароварда шудааст, бо таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии арбитражӣ огоҳонида нашудааст ё вобаста ба дигар сабабҳо натавонистааст баёнот диҳад;

- ҳалномаи арбитражӣ нисбати баҳсе бароварда шудааст, ки он бо созишномаи арбитражӣ пешбинӣ нагардидааст ё таҳти талаботи он қарор дода нашудааст ва ё муқарраротеро оид ба масъалаҳое дорад, ки аз доираи созишномаи арбитражӣ берун мебарояд, ба шарте, ки муқаррароти мазкур масъалаҳоеро, ки созишнома фаро гирифтааст, имкони ҷудо кардан аз он қисми ҳалномаи арбитражӣ надошта бошад, ки дар он муқаррароти созишномаи арбитражӣ оид ба моҳияти баҳси баррасишаванда метавонад эътироф ва иҷро шавад;

- ҳайати арбитраж ё муҳокимаи арбитражӣ ба созиши тарафҳо мувофиқат накунад ё ин ки ҳангоми набудани ин мувофиқа ба қонуни давлате, ки дар он арбитраж баргузор гардидааст, мувофиқат накунад;

- ҳалномаи арбитражӣ барои тарафҳо ҳатмӣ нагаштааст ё бекор гардидааст ё ин ки иҷрои он аз ҷониби суди кишваре, ки тибқи қонуни он ҳалномаи арбитражӣ боздошта шуда бошад;

 

2) агар суд муайян намояд, ки:

- объекти баҳс наметавонад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон предмети баррасии арбитражӣ бошад;

- эътироф ва ба иҷро расонидани ин ҳалномаи арбитражӣ ба тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд.

Агар дар суде, ки дар қонун пешбинӣ гардидааст, дархост оид ба бекор кардан ё боздоштани иҷрои ҳалномаи арбитражӣ изҳор гардида бошад, суде, ки дар он эътироф ё иҷрои ҳалномаи арбитражӣ пурсида мешавад, дар сурати зарур шуморидани он метавонад қабул кардани ҳалномаи худро мавқуф гузорад ва инчунин метавонад бо дархости ҳамон тарафе, ки оид ба эътироф ва ба иҷро расонидани он хоҳиш намудааст, тарафи дигарро ӯҳдадор намояд, ки таъминоти дахлдорро пешниҳод намояд.

 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.