Дар Тоҷикистон ба ғайр аз дини Ислом 66-адад ташкилот ва ҷамоаҳои динии ғайриисломӣ вуҷуд доранд, ки ҳар кадоме мегӯянд, корҳои хайру савоби зиёдеро анҷом додаанд.

Мо бо чанде аз намояндагони адёни гуногун суҳбат карда, аз корҳои хайри онҳо пурсон шудем. Ҳарчанд на ҳамаи онҳо розӣ шуданд, ки амалҳои хайри анҷомдодаашон расонаӣ шавад. Аммо барои ташвиқи хайру эҳсон чанде аз амалҳои хайрхоҳонаи худро зикр карданд.

Амали хайр дар  Ислом  меъёру вақт надорад

Имрӯз дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд, назди бинои масҷиди Нури Ислом “Нуқтаи хайру эҳсон” амал мекунад, ки шахсони саховатманду доро сару либос ва дигар ашёи рӯзгори истифодашударо ройгон  месупоранд то шахсони камбизоат гиранд. Марказ моҳи апрели соли 2016 боз шуда, то ин дам наздики 120 ҳазор нафар хайрхоҳ ба он ҷо сару либос, пойафзол ва дигар ашёи рӯзгор тақдим кардаанд.

То имрӯз аз ин нуқта беш аз 30 ҳазор ниёзманду камбизоат, маъюбу нафақахӯрони танҳо, одамони имконияти меҳнатӣ надошта ва бекор либосу ашёи ниёздоштаашонро ройгон дастрас кардаанд.

Роҳбари марказ Нӯъмон Ҳасанов мегӯяд, ин корро танҳо барои анҷоми кори хайр иҷро мекунанд.

“Кори мо ва кори ҳамкорони мо аз нигоҳи дини мубини Ислом амали хайру сахо аст. Барои ин кор аз ягон сохтор маблағ ҷудо нашудааст. Баръакс, барои аз корашон дилмонда нашудани ихтиёриён ҳар вақте нафақа мегирам, 100-150 сомонӣ медиҳам”, - мегӯяд Нӯъмон Ҳасанов.

Ӯ мегӯяд, аз нигоҳи Ислом  “як табассуми малеҳ” ҳам хайр аст.  Аз ин рӯ, ҳар гоҳ ки ашхоси камбизоат омада, сару либос мегиранд ва чеҳраашон шод мешавад, мо ҳам хурсанд мешавем.

“Фикр мекунам хайру эҳсон набояд ба дину миллату нажод алоқаманд бошад. Зеро ба ин маркази намояндагони дигар адён низ меоянд. Вақти додани либос мо ҳам аз гиранда танҳо ҳуҷҷати ниёзмандиро мепурсему халос, дину миллату мазҳабу забонашро не”, - таъкид мекунад Нӯъмон Ҳасанов.

Подоши хайрро Худо медиҳад

Ирина Шем 47 сол дошта, аз соли 1999 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд зиндагӣ мекунад. Ирина кореягӣ ва пайрави дини насронӣ аст. Ӯ ба соҳибкорӣ машғул буда, дар маркази шаҳр қаҳвахона кушодааст. Мегӯяд мизоҷонаш намояндагони миллату нажоду дину мазҳаби гуногунанд, аммо вазифаи ҷонии Ирина ба ҳамаи онҳо баробар хидмат расонидан аст.

“Хайру эҳсон ба мазҳабу миллат алоқа надорад. Аҳли башар аз як сулола халқ шудаанд ва ба як хонаводаи ҷаҳонии инсоният мансубанд”, - гуфт Ирина Шем.

Ӯ мегӯяд, хайру саховат аз сифатҳо ва фазилатҳои илоҳианд ва бузургворӣ ва шарафмандӣ дар ҷавҳари ҳақиқии инсон аст.

“Бинандаю донанда Худо аст ва амали хайри моро ӯ подош медиҳад, на бандае ки аз мо хайр дид”, - меафзояд Ирина Шем.

Ирина давоми соли равон ба мардуми зиёд аз шаҳри Хуҷанд ва Душанбе хайр  кардааст, аммо худ онро намегӯяд. Вақти хуруҷи бемории коронавирус ба бемористонҳо либоси ҳифзкунанда ва маводи безараркунанда тақдим кардааст.

Ӯ ба зарардидагони офати табиӣ дар Ромит ва ҳангоми низои марзӣ ба сокинони Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров либосу хӯрокворӣ додааст. Ҳамчунин, ӯ ҳар сол ба ятимон дар арафаи идҳои Наврӯзу Соли нав тӯҳфаҳо медиҳад.

“Оламбин бошем, на худбин”

Юрий Тарасов ҳам намояндаи дини насронӣ мебошад. Ӯ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд яке аз марказҳои динии проваславиро роҳбарӣ мекунад.

Юрий Тарасов мегӯяд, китоби Библия низ хайру эҳсонро ташвиқ мекунад ва барои анҷоми ин кор рӯзи мушаххас муқаррар нашудааст.

“Ҳеҷ шакке нест, ки беҳбудии олам ба воситаи аъмоли нек ва пок ва рафтори шоистаи таҳсин ба даст меояд ва ин гуна рафтор бо роҳи таълиму тарбияи ақлонӣ ва маънавие, ки аз хурофот ва таассуб озод аст ва ҳадафаш ваҳдати олами инсонӣ аст, ба даст оварда мешавад”, - мегӯяд Юрий Тарасов.

Ба ақидаи ӯ, инсон бояд аз овони тифлӣ тарбияи дуруст гирад ва ба роҳи рост ҳидоят карда шавад. Дар ин масир аҳамияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни намояндагони ҳамаи миллатҳо, динҳову мазҳабҳо аҳамияти бузург дорад.  Мо бояд  “оламбин бошем, на худбин”.

“Вақте шахс оламбин мешавад, хайру некӣ ва саховатмандӣ дар дилаш  пайдо мешавад. Барои некию саховат харҷи зиёд лозим нест, дасти як фитодаро гирифтан ҳам кори хайр аст”, - иброз медорад Юрий Тарасов.

“Хайр набояд расонаӣ шавад”

Шаҳноза Рустамова аз ҷараёни Баҳоия пайравӣ мекунад ва мегӯяд, ҷамъияти онҳо одатан корҳои хайри худро расонаӣ намекунанд, зеро “амали хайр бояд пӯшида бошад”.

“Хайру эҳсон рӯҳи инсонро болида мекунад. Ҳар нафаре ба ин кор даст мезанад, оромиву осоиши равонӣ пайдо мекунад”, - мегӯяд Шаҳноза Рустамова.

Ӯ таъкид мекунад, ки пайравони маҳфили Баҳоия дар шаҳру навоҳии кишвар ба кори хайр машғуланд. Аз ҷумла, аёдати беморон, ятимон, шахсони дорои имконияти маҳдуд дар рӯзҳои ид ба як кори маъмулии онҳо табдил ёфтааст.

“Дар рӯзҳои ҷашн пайравони ҷараёни Баҳоия ба оилаҳои камбизоат вобаста ба иқтидори худ маводи хӯрока ва туҳфаҳо тақдим мекунанд. Айни замон барои таҷлили Соли нав барои даҳҳо оилаи камбизоати шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон туҳфаҳои солинавӣ омода мекунем”, - гуфт Шаҳноза Рустамова.

Ӯ зикр мекунад, ки замони муноқишаҳои марзӣ ба зарардидагон хӯрок ва сару либос дастрас кардаанд. Ҳамчунин, ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ низ ба сокинони зарардидаи вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар кӯмак кардаанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Мол бо садақа кам намешавад

Сардори Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода оид ба хайру накӯкорӣ мегӯяд, хайру эҳсон ба дину қавм ҷудо карда намешавад.

Ба қавли ӯ, хайру эҳсон ва некиву накӯкорӣ дар таълимоти тамоми динҳо ҳаст.

“Ҳар дин урфу одат ва равияҳои  худро дорад, аммо ҷавҳари он як аст - некӣ кардан. Дин такондиҳандаи некӯкорӣ ва амалҳои хайр аст”, - мегӯяд Мӯсозода.

Ба андешаи ӯ, яке доро мешавад, дуюмӣ нодору ночор ва аз ин лиҳоз, шахси дармондаро кӯмак кардан дар пеши виҷдони ҳар инсон қарз аст. Барои адо кардани ин қарз дин як воситаи асосӣ буда, дар дили инсонҳо раҳму шафқат ва меҳрубониро бедор мекунад.

Ба қавли ӯ, молу дороӣ бо садақа кам намешавад. Як хасро аз сари  роҳ гирифтан ҳам хайру эҳсон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.