Дар раддабандии Education First (EF), як маркази байналмилалии омӯзиши забони англисӣ Тоҷикистон аз рӯи сатҳи донистани забони англисӣ дар байни 113 кишвари ҷаҳон мақоми 112-умро гирифтааст ва ин “хеле паст” арзёбӣ мешавад.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон дар ин раддабандӣ беҳтарин нишондод - 90-умро касб кардааст. Ӯзбекистон дар ҷои 93, Қазоқистон дар ҷои 104-ум қарор доранд.

Ҳолланд, Сингапур ва Австрия дар садри рӯйхат қарор гирифтаанд. Дар ҷои охирини раддабандӣ Конго меистад. Ва дар ҷои охир Тоҷикистон аст. Русия дар ҷои 41-ум қарор дорад.

Соли 2021 ҳам Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои охиринро гирифта буд.

Акс: ef.com

Баъдан, бар асоси шохиси дониши забони англисӣ, Тоҷикистон дар байни 112 кишвари ҷаҳон дар ҷои 103-юм ва дар соли 2020 кишвари мо се зина болотар - дар мақоми 100-ум қарор гирифта буд.

Дар ин раддабандӣ кишвари мо дар гурӯҳи кишварҳое қарор дорад, ки дар онҳо сатҳи дониши забони англисӣ “хеле паст” арзёбӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки забони англисӣ забони аз ҳама беш омӯхташуда дар саросари ҷаҳон аст.

Шохиси забони англисии EF сатҳи дониши забони англисиро дар байни калонсолон муайян мекунад. Рӯйхати кишварҳо ҳамасола нашр мешавад ва нишондиҳандаи муҳими байналмилалии донистани забони англисӣ дар байни калонсолон мебошад. Ҳисоботҳои шохис камбудиҳои умумиро муайян мекунанд ва стратегияҳои муассиртаринро барои баланд бардоштани сатҳи забони англисӣ таъкид месозад.

Дар пурсиши имсола 2,2 миллион калонсолон аз 113 кишвар ширкат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Education First (EF) соли 1965 дар Шветсия таъсис ёфтааст. EF бузургтарин муассисаи таълимии хусусии ҷаҳон аст, ки дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон 600 филиал дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.