Як манбаъ аз додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Абдухалил Холиқзода, соҳибкори тоҷик ва муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” 6 солу 6 моҳ, Абдуқодир (Қодир)-и Рустам, нависандаи тоҷик, ки номаш дар ин китоб зикр мешавад 4 солу 6 моҳ ва Суҳроб Раҷабзода, роҳбари нашриёте, ки китоб дар он нашр шуд, 1 сол аз озодӣ марҳум шуданд.

Охири ҳафтаи гузашта чанд манбаъи дигари “Азия-Плюс” низ ин хабарро тасдиқ карда буданд.

Аммо он замон гуфта мешуд, ки Суҳроб Раҷабзода, директори нашриёти “Эр-граф” бо пардохти ҷарима озод шудааст. Вале Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки ӯ 1 сол равонаи зиндон шудааст.

Барои тайиди расмии ин хабар “Азия-Плюс” 23-юми феврал ба унвони раиси Додгоҳи олӣ дархост ирсол карда, хоста буд дурустии ин хабарро тасдиқ ё рад кунад, аммо бо гузашти як ҳафта ба дархости худ посух нагирифтааст.

Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки мактуб дар дасти додрасе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, қарор дорад ва танҳо пас аз 10 рӯзи судури ҳукм (дар сурати шикоят накардан, ҳукм пас аз 10 рӯз ҳукми қонунӣ мегирад) ба он посух медиҳанд. Ӯ содир шудани ҳукмро тасдиқ ё рад накард.

Тибқи иттилои дастраскардаи “Азия-Плюс”, мурофиа рӯзи 22-юми феврали соли равон дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шудааст.

Боздошти ин нафарон дар ҷомеа сару садоро барпо кард. Онҳо кӣ буданд ва чаро китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” баҳсбарангез шуду муаллифу чанд нафари дигар зиндонӣ гардиданд?

Абдухалил Холиқзода кист?

Абдухалил Холиқзода, соҳибкор ва мудири Бемористони “Ибни Сино” рӯзи 20-уми декабри соли 2023 57-умин солгарди умрашро дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе пешвоз гирифт.

Ӯ 20-уми декабри соли 1966 дар рустои Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш соли 1983 ба факултети забонҳои шарқи ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Баъди як соли таҳсил ба сафи артиш даъват ва пас аз итмоми хидмати дусолаи сарбозӣ таҳсил дар донишгоҳро идома медиҳад. Дар давоми таҳсил давраи коромӯзии яксоларо дар Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Баъди хатми донишгоҳ, ки дар соли 1992 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мусодиф омад, Абдухалил Холиқзода ба тиҷорат (фурӯши пахта) рӯй овард.

Соли 2008 ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони “Ибни Сино”-ро дар Душанбе таъсис дод, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон боз карданд.

Дар баробари тиҷорат Абдухалил Холиқзода ба нависандагӣ ҳам завқ дорад ва бори нахуст дар соли 2018 китоби тарҷумаҳолии худ бо номи “Моҷарои рафта”-ро чоп кард. Дар он зиндагии хешро дар пайванд бо таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар ба риштаи таҳрир даровардааст. Ин китоб соли 2019 дар Эрон низ ба чоп расид.

Холиқзода нашри “Девони Рӯдакӣ” ва китоби дувуми "Сармаддеҳ"-ро низ сармоягузорӣ намудааст.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст ва ба гуфтаи худаш, давоми китоби аввалинаш мебошад. Он 15-уми марти соли 2023 дар Душанбе, дар ҳузури шахсиятҳои фарҳангу адаби кишвар рӯнамоӣ шуд.

Баъдан, атрофи муҳтавои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунде дар робита ба маҳалгароӣ доман афканд. Муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст.

Худи ӯ моҳи июни соли 2023 даъвоҳоро бепоя донист ва навишт, “шахсоне, китоби бандаро нахондаанд, дигар ба иштибоҳ наафтанд ва агар ба хондани он азм намоянд, бидуни пешфарз мутолиа намоянд ва худ хулоса бароранд”.

Ҳамин тариқ, нимаи моҳи август расонаҳо хабар доданд, ки Абдухалил Холиқзода боздошт шудааст ва ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” (моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гумонбар мешавад. Дертар барои “қочоқ” ё моддаи 289 низ муттаҳам шуд.

Тақрибан як ҳафта пас аз боздошти ӯ Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дастури боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан ӯ додааст ва илова кард, ки “мо наметавонем, ки ба кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ гузашт намоем ва ӯ бо тамоми қатъият назди қонун ҷавоб мегӯяд”.

Билохира, ӯ 6 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардид.

Ӯ оиладор ва соҳиби 7 фарзанд аст.

Абдуқодири Рустам кист?

Абдуқодири Рустам нависанда, тарҷумон, мунаққид ва пажӯҳишгари тоҷик, ки соли равон 66-сола мешавад. Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол буд ва дар робита ба ба ҳаводиси рӯз андешаашро менавишт.

Ӯ 13-уми октябри соли 1958 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил мешавад.

Соли 1981 дар нашриёти “Ирфон” аввал чун мусаҳҳеҳ ба кор оғоз карда, баъд муҳаррири хурд ва муҳаррир будааст.

Нахустин китобаш бо номи “Бурси дуреша” соли 1986 дар нашриёти “Ирфон” чоп шуд, ки маҷмуъаи насри бадеии адиби ҷавон ба шумор мерафт.

Ҷанги дохилӣ ӯро низ ба гирдоби муҳоҷирати иҷборӣ ҳаво дод ва чанд сол дар Қазоқистон зист. Соли 2003 дар Олмотӣ китоби ӯ бо номи “Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар” чоп шуд.

Дар Олмотӣ, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорӣ ба пажӯҳиш машғул шуд. Таҳия ва шарҳи китоби донишманди қаблазинкилобии рус А. Шишов “Таджики” (Олмотӣ, 2005), таҳия ва шарҳи муфассали “Девони Рӯдакӣ (Олмотӣ, 2007) низ самараи кори эҷодии ӯ дар ин солҳост.

Баъдан “Девони Рӯдакӣ” дар таҳияи ӯ солҳои 2008, 2012 дар Теҳрон, соли 2015 дар Душанбе ва соли 2019 дар Хуҷанд бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик ба чоп расид.

Соли 2010 дар нашриёти “Шуҷоиён” китоби “Чойхонаи “Роҳат”. Қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб” аз чоп баромад. Соли 2018 романи “Пойҳо ва рӯйҳо”-ро ба табъ расонид, ки пас аз як сол дар Теҳрон ба алифбои форсӣ чоп шуд.

Қодири Рустам ба тарҷумонӣ низ машғул аст. Соли 1992 нашриёти “Ирфон” рисолаи эроншиноси маъруфи пешазинқилобии рус Н. В. Хаников “Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон”-ро чоп кард, ки бисёр аз саҳифоти он ба таҳқиқи антропологӣ ва мардумшиносии мардуми тоҷик ихтисос дорад.

Соли 2020 дар тарҷумаи Қодири Рустам романи нависандаи рус Андрей Волос “Бозгашт ба Панҷрӯд” ва маҷмӯъаи ҳикояҳои нависандаи бузурги Жопун Окутогово “Азобҳои ҷаҳаннам” ба чоп расиданд.

Ҳамчунин ҳикоя ва қиссаҳои нависандагони бузург А. П. Чехов, Лу Син ва Луис Хорхе Борхес маҳсули заҳамоти ӯянд, ки хонандаи тоҷик бо забони модариаш мутолиа кардааст.

Дар баробари нависандагӣ, ҳамчунин, дар Бемористони “Ибни Сино” ба ҳайси мушовир ва корбар фаъолият мекард.

Қодири Рустам соли 2014 ба дарёфти “Ҷоизаи сол”-и Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон барои тадвин ва тасҳеҳи “Девон”-и Рӯдакӣ ва соли 2021 барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд” бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф шудааст.

Оиладор ва соҳиби як писар аст.

Номи Абдуқодири Рустам дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” зикр шуда, муаллиф ба ӯ изҳори сипос кардааст. Додситони кулли кишвар ӯро барои “барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” (моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) муттаҳам намуд.

Додгоҳ бошад бо ин модда Абдуқодири Рустамро барои 4 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард.

Сӯҳроб Раҷабзода кист?

Сӯҳроб Раҷабзода, раҳбари нашриёти “Эр-Граф”, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар он нашр шудааст, барои ҷомеа ношинос аст. Хабари боздошти ӯро то ҳол мақомот расман тасдиқ ё рад накардаанд. Наздиконаш ҳам бо расонаҳо суҳбат намекунанд. Вале манобеъ мегӯяд, ки ӯ боздошт ва ба 1 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар доираҳои фарҳангӣ ва адабӣ ӯро ҳамчун ношир медонанд. Ҳатто синну сол ва ихтисосаш барои расонаҳо маълум нест.

 “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар бораи чист ва чаро он баҳсбарангез шуд?

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст.

Дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Холиқзода, дар баробари овардани лаҳзаҳои хотирмони зиндагиаш, таърихи замони истиқлолро бозгӯ мекунад. Бахусус, мавзӯъи иқтисоди миллӣ, вазъи иҷтимоӣ, мушкилоти ин соҳа, омилҳои коҳиши иқтисод, роҳҳои аз миён бардоштани саддҳо аз роҳи рушд дар ин китоб оварда шудаанд. Дар китоб ҳамчунин вазъи соҳаи тандурустӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти мавҷуда таҳлил гардидааст.

Ба навиштаи Абдухалил Холиқзода, баъд аз таъмини сулҳ дар Тоҷикистон сармоягузорони зиёде вориди кишвар шуданд, вале фишор умеди ин қишрро кам кард. Муаллиф аз боздошти Маъруф Орифов, бунёдгузор ва молики силсилаи фурӯшгоҳҳои “Орима”, мисол оварда, чунин амалҳоро мояи нобоварии соҳибкорон ба риояи қонун ва фазои соҳибкорӣ дар кишвар номидааст.

Бо гузашти қариб 2 моҳ аз муаррифии китоб, атрофи муҳтавои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунде дар робита ба маҳалгароӣ доман афканд.

Муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Худи ӯ танқидҳоро бепоя донист ва дар навишт, “шахсоне, китоби бандаро нахондаанд, дигар ба иштибоҳ наафтанд ва агар ба хондани он азм намоянд, бидуни пешфарз мутолиа намоянд ва худ хулоса бароранд”.

Он замон китобфурӯшон гуфтанд, шахсони номаълум китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро аз ҳамаи китобфурӯшиҳои кишвар бидуни шарҳ барчидаанд.

Баҳси китоб ё “муборизаи пинҳонии қудрат”?

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар рӯзҳои аввали боздошти Абдухалил Холиқзода бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки “парвандаи китоби ӯ метавонад, баёнгари муборизаи пинҳонии қудрат дар долонҳои ҳукумат бошад”.

Ин манбаи Радиои Озодӣ бо ишора ба ёд шудан ва нақли чанде аз воқеаҳои муҳим аз забони Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, “ин ҳолат ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон фурсати муносиберо пеш овардааст, то нуфузи ду чеҳраи калидии ҳукумат ва ду шахси боварбахши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ҳадаф қарор диҳад”.

Вай гуфтааст, ки “дар ибтидо баҳс атрофи китоби Холиқзод худҷӯш ва баёнгари эҳсосоти як гурӯҳе буд, ки худро ҳамчун зодаи маҳалҳои муайян таҳқиршуда медонистанд, вале замоне додситонӣ ба он таваҷҷӯҳ кард, ки шарҳҳои онҳо бо дастури маъмурони КДАМ пок карда шуданд”.

Манобеи ин расона афзуданд, ки “миёнаҳои моҳи июл дар нишасте дар дастгоҳи раисҷумҳур Юсуф Раҳмон бо ишора ба ин баҳси фейсбукӣ КДАМ ва ВКД-ро танқид карда, аз онҳо хост, Холиқзодаро боздошт кунанд”.

“Рӯирост бо ишора ба Ятимов ва Раҳимзода мегӯяд, ки наход шумо аз одаме пуштибонӣ кунед, ки зидди ҳукумат менависад”, - гуфтааст, як ҳамсуҳбати ин расона.

Маъракаи сиёҳкунии китоб

Баъди боздошти Холиқзода, зоҳиран маъракаи сиёҳкунии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар сатҳи шахсиятҳои сиёсиву адабӣ оғоз шуд.

Аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, адабиётшинос ва академик, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Дар умум, ҳамаи онҳо Абдухалили Холиқзодаро барои роҳ додан ба ғалатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, норозигӣ аз умури давлатдории имрӯза, шиорзаниҳои авомфиребона, афрӯхтани оташи кинаситезии маҳалливу қавмӣ, бе далел ва дур аз воқеият сухан гуфтан гунаҳкор карда, таъкид намуданд, ки мазмуну моҳияти китоб ба рӯзгори воқеии мардуми тоҷик айният надоранд.

Дар охир, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро “мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ” дониста, онро зери суол бурдани “унсурҳои миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ” унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз нависандагону рӯзноманигорон боздошти Абдухалили Холиқзода ва Абдуқодири Рустамро “нофаҳмӣ” ва нашри китобро “наҳве дар ростои ситоиш ва таҳкими давлату миллат” медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.