Дар натиҷаи ташхиси ҷасади Маъруф Асоеви 34-сола, ки дар шаҳри Толяттии Русия ба дор овехта дарёфтанд, нишонаи маргӣ маҷбурӣ дарёфт нашуда, ҷасад ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки ҷасади як муҳоҷири тоҷикро дар дарафхте дар як ҷангал ба дор овезон дарёфт карданд. Гуфта мешуд, ки ӯ худро ба дор овехтааст. Сабаби худкушии ӯ маълум нест.
Вазорат ҳам мушаххас нагуфт, ки сабаби худкушии ӯ чист.
Танҳо гуфт, намояндагии вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират қазияи ба дор овехтани муҳоҷири тоҷикро мавриди пайгирӣ ва назорат қарор дода, барои дарёфти ҷузъиёти бештари ин ҳодиса бо мақомоти дахлдори ин кишвар, ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони минтақа ва хешовандони марҳум дар ҳамкории зич мебошад.
Ба иттилои ин ниҳод, нафари фавтида шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Маъруф Ҷамшедович, 34 сола, зодаи шаҳри Душанбе, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад, ки рӯзи 1-уми март худкушӣ кард.
“Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи гузаронидани ташхиси криминалистӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари иқомат, дар бадани Асоев Маъруф ягон нишонаҳои марги маҷбурӣ муайян нагардидааст”, - гуфтааст вазорати муҳоҷират ва меҳнат.
Ба иттилои ин ниҳод, бо мусоидати намояндагӣ ва кӯмаки ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Толятти ҷасади марҳум тариқи хатсайри ҳавопаймоии Самара-Душанбе ба ватан интиқол дода шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола тарқибан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Даҳҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар ин кишвар ба ҳалокат мерасанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста