Вазорати меҳнати Русия пешниҳод намуд, ки барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ шартҳои нав ҷорӣ карда шавад. Дар бораи таҳияи чунин лоиҳаи қонун ба нашрияи “Известия” дар хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар додаанд.

Дар он ҷо шарҳ додаанд, ки лоиҳаи қонун аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи стратегии ҳукумат таҳия шуда, ба афзоиши манфиатдории корфармоён ҷиҳати иштирок дар ҷалби муташаккилона ва дар маҷмуъ ба чунин механизм афзалият додан равона шудааст.

«Дар лоиҳаи қонун таҳияи санади махсус барои тасдиқи ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба кори муваққатӣ дар Русия пешбинӣ шудааст.

Дар амал ин маънои онро дорад, ки дар доираи ҷалби муташаккилона муҳоҷири меҳнатӣ тибқи иҷозатнома барои корфармои мушаххас фаъолият мекунад. Ҳамзамон, пешпардохтҳо аз ҷониби ширкате, ки бевосита мутахассиси хориҷиро ба кор мегирад, сурат хоҳад гирифт», - гуфтаанд ба “Известия” дар хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат.

Зикр шудааст, ки чунин тасмим ҳолатҳоеро аз байн хоҳад бурд, ки масалан, муҳоҷир ба Русия омада, дар ширкати сохтмон, ки хароҷоти киро кардану билети ҳавопаймои ӯро ба дӯш гирифтааст,  кор намекунад ва ба сифати боррасон (курйер) ба кор мегузарад.

«Гузашта аз ин, агар муҳоҷир хоҳиши  кор дар корхонаи дигарро дошта бошад, ки  иштирокчии ҷалби муташаккилона нест, бояд дар давоми 15 рӯз қаламрави Русияро тарк кунад», - шарҳ додаанд дар вазорат.

Ҳамчунин дар ин ниҳод таъкид кардаанд, ки қоидаҳои нав сарфи назар аз кадом кишвар - сафар бо раводид ё бидуни раводид будани муҳоҷир дахл доранд.

“Барои корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро аз кишварҳои сафар бо раводид тавассути ҷалби муташаккилона ба кор мегиранд, ӯҳдадории гирифтани иҷозат барои киро кардани чунин коргарон истисно карда мешавад. Иҷозати кор барои ин категорияи муҳоҷирони корӣ бидуни назардошти квота дода мешавад”, - илова кардаанд дар Вазорати меҳнат.

Айни замон тариқи ҷалби муташаккилона муҳоҷирони корӣ бар асоси созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ бо ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба кор гирифта мешаванд. Мақсади ҷалби муташаккилона дар он ифода меёбад, ки мутахассисон ба корфармоён мувофиқи талаботи онҳо ҷалб карда шаванд. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амният (ФСБ), танҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 1 млн 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои кор ба Русия омадаанд. Муҳоҷирон асосан аз Ӯзбекистон (630 859 нафар) ва Тоҷикистон (349 357 нафар) ворид шудаанд.

Бояд ба ҳама дахл дошта бошад

Дар кумитаи соҳавии Думаи давлатӣ оид ба меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ омодаанд, ки ташаббуси Вазорати меҳнатро дастгирӣ кунанд. Дар он ҷо хотиррасон намудаанд, ки  масъалаи танҳо ҳадафнок ҷалб кардани муҳоҷирон аз ҷониби вакилон ҳанӯз ба ҳукумати зери раҳбарии Дмитрий Медведев пешниҳод шуда буд.

Сурат: РИА Новости

“Чунин тадбирҳо аз ҷониби мо ба ҳукумат ҳанӯз соли 2013 садо дода буданд. Яке аз нуктаҳои асосӣ дар он ифода меёфт, ки муҳоҷирати корӣ танҳо бо дархости корфармоён сурат гирад”, - изҳор доштааст ба “Известия” раиси кумита Ярослав Нилов.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Русия барои муҳоҷирон низоми патентӣ амал мекунад. Ин имкон медиҳад, ки онҳо бидуни раводид вориди кишвар шуда, кор пайдо кунанд, аммо онҳое низ кам нестанд, ки патент надоранд ва кор мекунанд.

«Аз ин рӯ, пешниҳоди Вазорати меҳнат як иқдоми хеле дуруст аст. Мо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатии муҳоҷиратро бо таваҷҷӯҳ ба принсипи “муҳоҷирати меҳнатӣ аз рӯи дархост” таҳия кунем ва он бояд ба ҳамаи хориҷиёне, ки ҳам бо раводид ва ҳам бидуни раводид барои кор ба Русия мераванд, дахл дошта бошад”, - шарҳ додааст вакил.

Ин ақидаро ҳамчунин муовини аввали Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ Николай Арефйев дастгирӣ кардааст.

“Ин лоиҳаи қонун бояд дастгирӣ шавад. Агар муҳоҷир ба ягон касби муайян даъват шавад, бояд танҳо машғули он бошад ва дигар шаклҳои даромади барояш мувофиқро ҷустуҷӯ накарда, ҷойи кории русиягиҳоро нагирад. Мо бекорони худро дорем, ки бояд бо он мубориза барем ва ба шаҳрвандони худ дар пайдо кардани кор кумак карда, ба онҳо музди муносиб диҳем”, — гуфтааст вакил ба нашрияи “Известия”.

Ба гуфтаи ӯ, агар корфармоён ба муҳоҷирони даъватшуда ба нақзи қонуни меҳнат роҳ диҳанд, онҳоро низ муҷозот кардан лозим аст.

«Имрӯз аз корфармои даъваткарда ба ҷойи дигар рафтани муҳоҷир як кори маъмулист. Хориҷии омада ҳеҷ ташвише надорад. Бинобар ин, ӯ асноди лозимиро омода карда, ба ҷои хостааш меравад”, - иброз доштааст Владимир Яковлев, президенти Иттиҳодияи умумирусиягии байнисоҳавии корфармоён “Российский союз строителей” (Иттиҳоди бинокорони Русия) бо пуштибонӣ аз қоидаҳои нави кор барои муҳоҷирон.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, имрӯз танҳо дар соҳаи сохтмон норасоии мутахассисон ҳудуди 100 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

"Бинобар ин, мо ба чунин механизмҳои боздоранда ниёз дорем, то корманд барои иҷрои корҳои зарурӣ барои корфармои мушаххас назди ӯ ояд ва то замони анҷоми он корҳо назди  корфармо бошад", - чунин мешуморад коршинос.

Ба гуфтаи Владимир Яковлев, аз ин рӯ тааҷҷубовар нест, ки имрӯз бахши зиёди муҳоҷирон на дар сохтмон, балки  дар таксӣ, яъне ҷойҳои осонтар кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.