Дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда оид ба навсозӣ ва ободонии як қатор кӯчаву хиёбон ва микрорайонҳои Душанбе тарҳ ва модели биноҳои навсохти оянда зикр шудааст.

Имрӯз бештар дар бораи корҳои сохитмон дар мавзеи ба истилоҳ “Мясокомбинат” дар кӯчаи А.Қаҳҳоров - аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Ҷанубӣ (Южная) маълумот медиҳем.

Лоиҳаи муфассали тарҳрезии кӯча чунин аст.

Лоиҳаи тарҳрезии кӯчаи Қаҳҳоров (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Ҷанубӣ (Южная)
Сурат аз шаҳрдории Душанбе

Қаламраве, ки дар он иншоот сохта мешавад, бо хати сурх ҷудо карда шудааст. Дар сурат он тавре нишон дода шудааст, ки ҳозир ҳамин хел аст. Болотар дар ҳамин сурат тарҳи биноҳои оянда нишон дода шудаанд.

Сурат аз шаҳрдории Душанбе

Тавре ки дар нақша дида мешавад, дар қитъа сохтмони 3 пул аз болои дарё ва якчанд пулҳои пиёдагард пешбинӣ шудааст. Дар кӯчаи Абай роҳи ҳалқавии дусатҳа сохта мешавад.

Сурат аз шаҳрдории Душанбе

Дар лоиҳа биноҳо аз якчанд маҷмаа иборатанд, ки бо услуби муосир таҳия шуда, ҳар кадоме аз онҳо ҳалқаро ташкил медиҳанд. Яке аз онҳо навиштаҷоти «Fitness» дорад, шояд он толори нави варзишии оянда бошад. Дар гирду атрофи ҳар як маҷмаа ва дар қаламрави дохил майдонҳои сабз мавҷуданд. Мувофиқи нақша, дар қад-қади роҳҳо низ дарахт шинонда мешавад.

Ин лоиҳаҳо аллакай тасдиқ шудаанд. Масъалаи чанд ошёна будани биноҳо айни замон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Баъдан “Азия-Плюс” дар бораи чанд мактаби кӯдакистон сохта шудан дар ин ҷо маълумот хоҳад дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.