Сардори Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия Александр Бортников хабар додааст, ки дар робита ба парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”, ки 22 марти соли равон дар вилояти Маскав сурат гирифт, зиёда аз 20 нафар боздошт шудаанд, менависад РБК.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек Бортников изҳор доштааст, ки дар ҳамдастии бевосита бо ҳамтоён аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон муқаррар шудааст, ки корҳои омодагӣ, маблағгузорӣ, ҳамла ва макони амалро тарк намудани террористон тариқи Интернет аз ҷониби аъзои гурӯҳи фаъолияташ манъшудаи “Вилояти Хуросон” (филиали “Давлати исломӣ”дар Афғонистон), ки дар минтақаи Афғонистону Покистон қарор доштанд, ҳамоҳанг мешуд.

“Айни замон мо ҳамаи доираи афроди дар ин амал дастдоштаро муайян карда истодаем. Аллакай зиёда аз 20 нафар шахсон, аз ҷумла иҷрокунандагон ва ҳаммаслакони бевосита боздошт шуданд”, - таъкид доштааст ӯ.

Ахиран дар бораи боздошти 13 нафар, аз ҷумла 12 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буданд. Миёни онҳо 4 нафари иҷрокунандагони эҳтимолии амали террористӣ - Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Фаридун Шамсиддин ва Саидакрам  Раҷабализода низ ҳузур доранд.

Бортников ба ҳамтоёни худ аз хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ барои кумак ба тафтишоти ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” изҳори миннатдорӣ кардааст.

“Аз ҳамтоёни худ барои мусоидат ва кумаки ҳамаҷониба ба тафтишот миннатдорем”, - зикр кардааст роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия.

Александр Бортников
Акс аз kommersant.ru

Тавре ки хабаргузории РБК менависад, ӯ ҳамчунин изҳор намудааст, ки Сарраёсати иктишофи Вазорати мудофиаи Украина ба амали террористӣ бевосита даст дорад ва таъкид доштааст, ки ҳолатҳои ҷиноят мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон муҷозот мешаванд.

Дар бораи ҷузъиёти ин масъала ӯ дигар маълумот надодааст. Ба гуфтаи Бортников, яке аз ҳадафҳои фармоишгарони амали террористӣ зиён расонидан ба муносибатҳои кишварҳои ИДМ “бо истифода аз омилҳои динӣ ва миллӣ” мебошад.

“Ҳарифони геополитикии мо мехоҳанд тавозуни беназири байни дину миллатҳоро, ки дар давраи тӯлонии ҳамзистии халқҳои мо ташаккул ёфтааст, халалдор созанд”, - чунин мешуморад Бортников.

Аввали моҳи май роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия гуфта буд, ки ташкилкунандаи ҳамлаи террористӣ дар хориҷа қарор дорад, лекин маҳз бобати дар куҷо будани он маълумот надода буд.

Мақомоти Украина ҳоло нисбати изҳороти Бортников ҳеҷ вокунише нишон надода, лекин қаблан вақте ки Маскав ба “даст доштани Украина” ишора карда буд, Киев ин иттиҳомотро беасос номида буд.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 марти соли равон рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Кумитаи тафтишоти Русия ба таҳқиқи парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” идома дода, чанд рӯз пеш додгоҳ муҳлати ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба ин амал гумонбар дониста мешаванд, то 22 август тамдид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.