Дар нимсолаи аввал дар Тоҷикистон 222 ҳолати даст ба худкушӣ задан ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зикр шуд, ки аз ин шумор 175 ҳолат ба худкушӣ рост меояд, ки 17 ҳолат камтар нисбат ба 6 моҳи соли 2023 мебошад. Дар ҳамин ҳол, 47 кӯшиши суиқасд ба ҷони худ сабт шудааст, ки 6 ҳолат камтар нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта аст.
Бино ба маълумоти омории ВКД, дар нимсолаи аввал 112 мард (ҳамин давраи соли 2023 - 122) ва 110 зан (соли 2023 - 111) ба худкушӣ даст задаанд.
Дар робита ба ноболиғон бошад, дар зарфи 6 моҳи соли равон 18 ҳолати худкушӣ байни писарон (7 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023) ва 24 ҳолат байни духтарон (2 ҳолат бештар нисбат ба соли 2023) ба қайд гирифта шудааст.
Сабабҳои аслии худкушӣ бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ мебошанд. Имсол шумори ҳодисаҳои марбут ба бемориҳои рӯҳӣ дар муқоиса бо соли гузашта (84 ҳолат муқобили 51 ҳолат) 33 ҳолат афзудааст. Ҳамчунин ҳолатҳои вобаста ба шароити взанини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ (соли 2024 - 10 ҳолат ва соли 2023 - 4 ҳолат) зиёд шудааст.
Ҳодисаҳои худкушӣ бо дигар сабабҳо, ки дар бораи онҳо хабар дода намешавад, 33 ҳолат кам шудааст (соли 2024 - 10 ҳолат ва соли 2023 - 43 ҳодиса). Шумори ҳодисаҳои худкушӣ бо сабабҳои номаълум 32 ҳолат кам шуда, 83 далелро ташкил додааст (соли 2023 - 115 ҳолат).
Миёни тарзҳои асосии даст ба худкушӣ задан худовезӣ бештар маъмул аст, ки 173 чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст (17 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023).
Дар идома 9 тарзи худкушӣ бо истифода аз силоҳ (соли 2023 - 3 ҳодиса зиёдтар), 9 ҳолати заҳролудшавӣ (соли 2023 - 5 ҳолат камтар), 5 ҳодисаи худро оташ задан (соли 2023 - 1 ҳолат зиёдтар), 11 ҳодисаи ғарқшавӣ (соли 2023 - 3 ҳодиса зиёдтар) сабт шудааст. Боз 10 ҳодиса ба дигар тарзҳои худкушӣ рост меояд (соли 2023 - 4 ҳодиса зиёдтар).





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста