Озмунҳои ҷумҳуриявие мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, ки бо дастури президенти кишвар ташкил ва бургузор мегарданду мукофоти пулии қобили таваҷҷуҳ низ доранд, аз ҷониби худи Эмомалӣ Раҳмон мавриди интиқод қарор гирифтанд.
Ӯ дар Рӯзи дониш аз шеваи баргузории он дар солҳои охир интиқод карда, зарурати қолабшиканӣ дар онҳоро таъкид намуд.
Миёни ин озмунҳо “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз сербаҳстаринҳо дониста мешавад, ки қариб ҳар сол баъди анҷоми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима мешавад. Баъзе иштирокчиёну шоҳидони ин озмун аз беадолатии доварон интиқод мекунанд. Доварони озмун ҳам “мусоидати болову поён”-ро хиёнат ба ин озмун меҳисобанд.
“Через” ва “дурӯғ”?
Инак соли шашум аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад. Вале шурӯъ аз соли сеюми озмун шикоятҳо дар хусуси ноодилона баҳогузорӣ гардидани баромади довталабони озмун зиёд шуд.
Соли 2021 дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур комиссия яке аз ҳакамонро барои гузоштани баҳои баланд ба фарзандаш аз ҳакамӣ барканор карда, холҳои бадастовардаи писари ӯро беэътибор донист.
Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини вақти вазири маориф ва илми кишвар, ки ҳамон сол котиби комиссияи ҷумҳуриявии озмун буд, гуфт, “Шоҳрухи Рустам - иштирокчии озмун дар номинатсияи адабиёти классикӣ фарзанди узви ҳакамони номинатсияи мазкур - Рустам Тағоймуродов, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон будааст. Рустам Тағоймуродов аз ҳаққи доварӣ маҳрум ва фарзанди ӯ аз иштирок дар озмун барои имсол барканор гардид”.
Дар пайи ин ҳодиса вокунишҳои баҳсбарангез зиёд шуданд ва ҳатто қишри зиёии ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ норизоии худро оид ба шаффофияти озмун баён дошта, аз тақаллубҳои озмун мегуфтанд.
Хуршеди Атовулло, журналист ва роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар як матлаби худ навишт, “метарсам, ки ибораи “Фурӯғи субҳи доноӣ”-и гирифта аз байти машҳури Ҷомӣ ба мисраи танзомези “Дурӯғи субҳи доноӣ” бадал мешавад”.
Ӯ аз он ки озмуни мазкур дар соли сеюм якбора шукӯҳи худро аз даст дод, нигаронӣ карда, аллакай дар дасташ мавҷуд будани чанд номаи шикоятиро аз ширкаткунандагони озмун, ки аз беадолатию тағобозию маҳалгароии ҳакамон қисса мекард, таъкид намуд.
Ҳатто шоир Хайрандеш шеъри танзомезе эҷод кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд:
Яке овард арзи дил ба ҳасрат:
Касе доно агар ҳаст, ашкрез аст.
Бигуфтам: Аз чӣ мегӯӣ? Чунин гуфт:
"Фурӯғи субҳи доноӣ через аст!"
“Беҳуда гап ба гӯши президент намерасад”
Баъди интиқоди президент дар Рӯзи дониш Латофат Кенҷаева, шоири бачагона, ки соли аввали озмун дар номинаи адабиёти бачагона довар будааст, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук дар шарҳи навиштае шиква кард, ки солҳои аввал озмун шаффоф буд. Ӯ гуфт, “беҳуда гап ба гӯши президент намерасад”.
Аъзам Хуҷаста бошад аз ношаффофии раванди озмун дар даври вилоятӣ шикоят карда навишт, ки “баромади ғолибони ду бахшро дидам, сояи “тағоҳо” ҳувайдо буд”.
Нависанда Холиқназар Ҷумъаев бошад, зикр кард, ки доваре аз довталаби адабиёти бачагона “он тарафи дарёи Зарафшон Афғонистон ҷойгир аст?” гуфта пурсид ва худ посух дод, ки “Афғонистон дар он тарафи дарёи Панҷ ҷойгир аст.” Холиқназар Ҷумъаев суоломезона гила кард, ки оё чунин савол додани довар бомавқеъ аст.
Корбари дигаре низ аз суоли ҳакамон эрод гирифта гуфт, аз довталабе китоби мушаххасеро ном бурда, талаб карданд, ки шеър гӯяд, вале довталаб ҷавоб дод, ки он асари насрӣ аст.
“Таъини довталаб ба воситаи “мусоидат” аз “болову поинҳо” хиёнат ба озмуни миллист”
Адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон, ки панҷ сол инҷониб дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довар аст, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дар номинаи адабиёти ҷаҳон ба ин гуна ҳолатҳо рӯбарӯ нашудааст. Вале ӯ тасдиқ мекунад, ки шикоятҳо бесабаб нестанд ва мақоли “то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад” беҳуда нест.
Ӯ аз равиши санҷиши баъзе доварон изҳори норозигӣ карда, гуфт: “Довар бояд он чизеро, ки мепурсад, худаш хонда бошад. Баъзан саволҳое медиҳанд, ки хандадор аст. Охир асарро нахонда бошӣ, чӣ гуна савол медиҳӣ? Баъд сар мешаванд саволҳои умумӣ: ин чӣ хел асар аст, муаллифаш кӣ, сухан дар бораи чӣ меравад, фалон шеърро гӯй ва ба ҳамин монанд. Ҳол он ки саволҳо бояд аз лаҳзаҳо, эпизод, фрагментҳо дода шаванд. Хонанда бояд моҳияти асарро дарк кунад, қаҳрамонҳоро шиносад, ғояи асар ва тасаввуроташро дар бораи он бо суханҳои худаш гуфта тавонад”.
Ӯ таъкид мекунад, шарт нест, ки довар ҳатман устоди мактаби олӣ бошад. Касе бошад, ки аввалтар аз ҳама, худаш китоб хонда бошад, то ки дуруст пурсупос карда тавонад.
Вай гуфт, довар агар сарфи назар аз доктору профессору директору унвондор буданаш интихоб шавад ва таваҷҷуҳ ба дониши онҳо бошаду довталабро дуруст санҷиш кунанд, шикоят намешавад.
“Таъини довталаб ба воситаи “мусоидат” аз “болову поинҳо” бузургтарин хиёнат ба озмуни миллист”, - таъкид мекунад ӯ.
Ҳафиз Раҳмон пештар дар матлабе низ навишта буд, “баъзе доварони озмун ба ҷойи дафтари пешниҳодкардаи довталаб низомномаро ба асос гирифтанд. Сабаби чунин пурсупоси доваронро тахмин кардан мумкин: онҳо мехоҳанд ҳамон асарҳоеро пурсанд, ки худашон хондаанд, аз пурсидани асарҳое, ки худашон нахондаанд, ҳазар мекунанд ё ба таври умумӣ суол медиҳанд”.
Ба андешаи Ҳафиз Раҳмон камбуди дигар он аст, ки дар даврҳои якуму дуюм саҳлангорӣ бисёр мешавад ва сарчашмаи тамоми бенизомиҳо дар баргузории даври аввал ва дуюм аст. Ӯ аз он ки баъзе довталабони носазовор ба даврҳои сеюму чорум роҳ меёбанд, изҳори нигаронӣ кард.
“Масалан, довталабе бо чор шеър омадааст, ҳайрон мешавем, ки чӣ хел то ин давр омад. Ҳакамон дар марҳилаи ноҳиявии озмун аз рӯйи кадом меъёр баҳогузорӣ карда, онҳоро ба даври дигар равон мекунанд? Баъдан, дар даври сеюм ба доварон мушкил мешавад ва он ҷудокуние, ки дар даврҳои якуму дуюм бояд сурат мегирифт, дар даври сеюм мешавад. Ҳатто ба даври ҷумҳуриявӣ низ баъзеҳо меоянд, ки мебоист аз даври дуюм намегузаштанд”, - мегӯяд Ҳафиз Раҳмон.
Ӯ, ки ахиран дар даври вилоятии озмуни мазкур дар шаҳри Бохтар довар буд, ёдовар шуд, ки баъзе довталабон аз рӯйхати асарҳояшон огоҳ нестанд ва ҳатто хабар надорад, ки дар рӯйхаташон кадом асарҳоро ворид кардаанд. Ба гуфтаи вай, сабаби ин саҳлангории масъулин аст.
“Рағбат ба порадиҳӣ”
Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки ду моҳ қабл дар даври вилоятии яке аз озмунҳои бонуфуз раиси доварон таъин шуда будааст, дар саҳифаи фейсбукиаш аз рағбати мардум ба порадиҳӣ нигаронӣ кард.
“Ҳеч гумон намекардам, ки одамон ба додани пора ин қадар рағбат доштаанд. Яке меомаду ба баҳонае маро ба гӯшае мекашид ва мегуфт: "Ака, дар киса даҳ ҳазор дорам. Бигиру фалониро гузарон". Дигаре бо баҳонаи салом ба гӯшам пичиррос мезад: "Панҷ ҳазор, духтарам фалониро ягон ҷой бите". Савумӣ мегуфт: "Писарамро гузарон, ними пулашро медиҳам". Ҳатто як мутасаддии озмун аз ноҳияе бароям ду гӯсфанд ваъда кард ва ҳоказо...”, - навишт Мирхоҷа.
Дар ҳамин ҳол, аксарият талаб доранд, ки озмун ба таври мустақим тариқи телевизион пахш карда шавад. Бо ин роҳ метавон ба шаффофияти озмун замина гузошт.
Ҳафиз Раҳмон низ пурра пахш нагардидани баромади довталабонро интиқод карда, дар матлабе нигошта буд: “Падару модар ё хешовандон ҳудуди ним соат “булбулвор” сухан рондани довталабро дида, хулоса карданд: бинед, ин қадар медонаду ин ҳакамони беинсоф ҳатто ҷойи сеюм надоданд. Чун пурсишу посухҳо ба ҳам якҷо намоиш дода намешаванд, дурусту нодурустии ҷавобҳо пинҳон мемонанд”.
Шояд бо назардошти ин ҳолат, президенти кишвар таъкид кард, ки қолаби озмунҳоро бояд шикаст ва 4-5 рӯз ё як ҳафта пеш аз озмун ҳайати доварон тағйир дода шавад.
Бояд гуфт, озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" соли 2019 бо амри президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Он ҳамасола аз рӯйи шаш номина - адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср миёни хонандагони синфҳои 1-4, синфҳои 5-11 ва синфҳои 10-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорон, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад. Озмун дар чор давр - мактабӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мешавад.
Дар ҳар давр ғолибон бо ҷоизаҳои пулӣ қадр карда мешаванд. Ба ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии озмун аз 20 ҳазор сомонӣ то 70 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Зимнан, дар мулоқоти охири худ дар Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон баъди интиқод аз шеваи баргузории озмунҳои давлатӣ супориш дод, ки мукофотпулии онҳо як баробар зиёд карда шавад.
Пас аз чанд муддат маротибаи шашум даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз мегардад. Онҷо хоҳем дид, ки камбудиҳои зикргардида ислоҳ шудаву адолат риоя мешавад ё боз ҳам шикояту эътирозҳо идома меёбад.
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста