Дар вилояти Воронежи Русия дар соли 2025 боз дар чанд соҳаи дигар кор барои муҳоҷиронро манъ карданд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки қарори манъи кори муҳоҷирон дар ин соҳаҳоҳоро раиси вилоят Александр Гусев рӯзи 28 декабр имзо кардааст.
Акнун муҳоҷирон дар ин вилоят наметавонанд дар соҳаҳои колорасонӣ, маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва нигоҳубини беморон фаъолият кунанд.
Муҳоҷирон ҳақ доранд дар ин вилоят танҳо боркашонӣ кӯчарӯбӣ ва фаррошӣ кунанд.
Гуфта мешавад, муҳоҷироне, ки ҳоло дар вазифаҳои барои онҳо манъшуда кор мекунанд, аз кор озод карда мешаванд ё бо дастури раиси вилоят ба корҳои мувофиқ гузаронида мешаванд.
Қабл аз ин тобистони соли 2024 дар вилояти Воронеж барои муҳоҷирон фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва савдои чаканаро манъ карда буданд.
Бояд гуфт, пеш аз ин дар зиёда аз 10 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан ва Челябинск ба фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд. Маҳдудиятҳои монанд тақрибан дар сеяки минтақаҳои Русия ба роҳ монда шудаанд.
Боз дар кадом минтақаҳои Русия ва дар кадом соҳаҳо кор барои муҳоҷирон манъ шудааст, дар ин матлаби мо хонед.
Қобили зикр аст, ки пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.
Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.
Ба иттилои расмӣ танҳо дар 6 моҳи соли гузашта 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда шуданд. Ҳамчунин, соли гузашта фақат аз шаҳри Маскав 18 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ихроҷ карда шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 6 ҳазор кас бештар будааст.





Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста