Дирӯз, 27-уми январи соли равон дар шаҳри Теҳрони Эрон 60-умин солгарди зодрӯзи Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса таҷлил шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони дипломатӣ, донишмандон, муҳаққиқон ва фарҳангшиносони ду кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.
Ин ҷашнвора бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии “ЭКО” баргузор гардид.
Шаҳмансури Шоҳмирзо, яке аз дастандаркорони ин маҳфил зимни суханронии ифтитоҳӣ дар бораи саҳми Фарзона ва Озарахш, ду Шоири халқии Тоҷикистон, сухан гуфта, иброз доштааст, ки “онҳо чун ду рӯд аз манбаъҳои зулол сарозер шудаанд ва дар миёни ҷамъ чун ду шамъи фурӯзон осмони маърифатро равшан месозанд”.
Саъд Хон, раиси Муассисаи фарҳангии “ЭКО” дар суханронии худ шеъри Фарзонаро паёми муҳаббат ва дӯстии байни миллатҳо номидааст.
“Бону Фарзона аз шумори хубони порсигӯ аст, ки ашъораш дар тамоми ҳавзаҳои форсигӯ ва берун аз он бо ишқу эҳтиром қироат мегардад. Шеъри ӯ паёми муҳаббат дорад, ки қалбҳоро ба ҳам мепайвандад”, - гуфтааст Саъд Хон.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар ин ҷашнвора гуфтааст, ки таҷлили зодрӯзи Фарзона як василаи муҳими таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон мебошад. Ӯ саҳми шоирро дар рушди адабиёти тоҷик васф карда, таъкид доштааст, “Фарзона яке аз сутунҳои асосии адабиёти муосири тоҷик аст”.

Сипас, Абдунабӣ Сатторзода, донишманди маъруфи тоҷик, тариқи маҷозӣ (онлайни) дар бораи таъсири шеъри Фарзона ба адабиёти тоҷик ва ҳавзаи форсӣ сухан гуфт.
Алиризо Қазва, раҳбари Маркази мусиқӣ, шеър, суруд, садо ва симои Эрон низ шеъри Фарзонаро ҳамчун шеъри пурмуҳаббат тасвир кардааст.
Дар идомаи барнома, Нурмуҳаммад Нурниё, роҳбари маркази адабии “Дигар” дар Балх, Иброҳим Худоёр ва Ҳомид Меҳрад, ду устоди донишгоҳ, низ тавассути маҷозӣ суханронӣ намуда, аз нақши Фарзона дар ҳамбастагии фарҳангӣ байни форсизабонон ёдовар шудаанд.
Алиасғари Шеърдӯст, роҳбари Муассисаи фарҳангии “Шаҳриёрон” ва собиқ сафири Эрон дар Тоҷикистон, шеъри Фарзонаро яке аз муъҷизаҳои адабиёти муосири форсӣ номида, гуфтааст, ки “осори Фарзона моро ба асолат ва зебоии адабиёт мебарад”.
Хонум Борон Некандеш, ровии маъруфи “Шоҳнома” дар ин ҷашнвора чанд ашъори Фарзонаи Хуҷандиро қироат кардааст.
Ҳамчунин, китоби нави Фарзона бо номи “Ҳумоюннома” рӯнамоӣ гардид. Ба қавли Шоҳмансури Шоҳмирзо, ин чорабинӣ на танҳо гиромидошти зиндагӣ ва осори як шоири бузург, балки ҳамчун рамзи таҳкими равобити фарҳангии байни Тоҷикистон ва Эрон ба ҳисоб меравад.
Дар охир Фарзона ба ҳамаи ташкилкунандагон ва ширкатварзидагон изҳори сипос намуда, чанд ашъори худро қироат намуд:
...Мо меравему баъд ба асри сиву чиҳил,
Аз номи мо, агар битавонӣ, салом гӯ.
Аз номи ман ба нағзтарин одами ҷаҳон -
Бар худ, аё ҳабиби ниҳонӣ, салом гӯ.
Фарзонаи Хуҷандӣ 3-юми ноябри соли 1964 зода шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 60-солагии милоди ӯ бо иштироки мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раиси вилояти Суғд ва аҳли зиё, аз ҷумла меҳмонон аз кишварҳои форсзабону ҳамсоя чорабинии васеъ доир гардида буд. Маҳфили бузургдошти ӯро дар гузориши мо “Шеъри ӯ итминон барои оянда аст”. Фарзона 60-сола шуд мутолиа кунед.





Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста