Имрӯз, 13-уми марти соли 2025, бо иштироки маҷозии раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон ду гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон “Гулистон – Қизил-Бел” ва “Маданият – Қайрағаш” пас аз қариб чор соли баста будан, дубора боз шуданд.
То замони баста шудан дар соли 2021 дар марзи ду кишвар панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ фаъолият мекард. Аммо дар пайи низои марзӣ миёни ду кишвар дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 аз сӯйи Қирғизистон баста шуданд.
Ҳамакнун, бо гузашти қариб чор сол ва ҳалли баҳси марзӣ, ду гузаргоҳ - “Гулистон – Қизил-Бел” дар шаҳри Исфара ва “Маданият – Қайрағаш” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дубора боз шуданд.
Бояд гуфт, ки боз будани гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои ҳарду кишвар манфиатовар аст, аммо бештар аз ҳама, он барои сокинони наздимарзии ду кишвар муҳим мебошад, зеро раванди ҳаракати шаҳрвандон ва интиқоли молу колоро осон мекунад.
Бо назардошти ин, мо харитаеро таҳия кардем, ки дар он гузаргоҳҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин реҷаи кори онҳо нишон дода шудаанд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста