Ду рӯзи охир, 19 ва 20-уми апрел дар доираи ҷашнвораи “Парасту-2025” 5 намоишномаи дигар манзури ҳаводорони санъати театрӣ гардонида шуд. “Достони Сиёвуш” охирин намоишномае буд, ки дар доираи ин фестивал-озмун ба саҳна гузошта шуд.  Имрӯз, соати 17:30 маросими ҷоизасупории “Парасту-2025” доир мешавад.

 

“Аз хуни Сиёвушем...”

Дирӯз, 20-уми апрел дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи “Достони Сиёвуш”-и Баҳром Қурбонзода аз ҷониби ҳунармандони ин театр намоиш дода шуд. Ин намоишнома, ки бар пояи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ рӯйи саҳна омадааст, ҳаводорони зиёди санъати театриро сӯйи худ фаро хонд ва толори театр пур аз тамошобинон буд.

Ороиши саҳна ва либосҳои ҳар яке аз иштирокдорони намоишнома ба таври вижа интихоб шуда, фазои таърихиро пешорӯи бинанда фароҳам овард. Ҷой-ҷой садои таблу мусиқӣ дар лаҳзаҳои ҳассос ба бинанда аз идомаи пурмоҷарои қисса паём медод.

Намоишнома аз саҳнаи аввал диққати тамошобинонро ба худ ҷалб кард ва аз шоҳбайтҳои аввали "Шоҳнома" дар иҷрои Ортиқи Қодир оғоз гардид. Сужаи достон аз ҳузури Сиёвуш пеши падараш баъди солҳои дар назди Рустами ҷаҳонпаҳлавон парваришу тарбият ёфтанаш шуруъ шуд. Судоба, ҳамсари падараш Кайковус бо дидани Сиёвуш ба ӯ ошиқ мешавад ва ба ӯ ишқашро изҳор мекунад. Аммо Сиёвуш, ки ҷавони поктинат буд, ишқи Судобаро, ки барояш модарандар буд, рад мекунад. Судоба хашмгин мешавад ва рӯю мӯи худ канда пеши шоҳ меравад ва тӯҳмат мезанад, ки Сиёвуш ба номуси ӯ дастдарозӣ кард. Аммо шоҳ пай мебарад, ки аз сухани Судоба бӯйи дурӯғ меояд, ситорашиносонро даъват карда, ифшои ҳақиқатро ба онҳо вомегузорад.

 


Ситорашиносон барои исботи бегуноҳӣ маслиҳат медиҳанд, ки ҳарду аз кӯҳи оташ гузаранд, зеро “оташ бегуноҳро намесӯзонад”. Сиёвуш билохира миёни оташи бузург медарояд ва саломат аз он бадар меояд. Аммо Судоба боз мехоҳад фитна андозад ва Сиёвушро туҳмат мезанад, ки ӯ худро ҷоду кардааст. Дар ҳамин лаҳза аз ҷанги Афросиёб хабар мерасад ва Сиёвуши аз сиёсат ва кинаҳои дарборӣ безоршуда тасмим мегирад, ки ба ҷанги Афросиёб равад.

Афросиёб хоби даҳшатноке мебинад ва бо маслиҳати мубадон тасмим мегирад, ки бо Сиёвуш сулҳ кунад ва барои исботи ин 100 паҳлавони гузидаи дарборашро пеши Сиёвуш ба гаравгон мефиристад. Аммо Кайковус ба Сиёвуш мефармояд, ки бо ӯ сулҳ накунаду 100 фиристодаашро гардан бизанад ва ба ҷанг хезад. Сиёвуш, ки намехост хуни бегуноҳон бар гардани ӯ бошад ва аҳд шиканад, тасмим мегирад, ки хоки Эронро тарк кунад. Ӯ аз Афросиёб барои гузаштан аз хоки кишвараш иҷоза мепурсад. Афросиёб бошад бо маслиҳати вазири донишмандаш ӯро хуш пазироӣ карда, духтараш Фарангисро ба ӯ ба занӣ медиҳад ва гӯшае аз мамлакаташро ба ӯ мебахшад, то манзил гузинаду дар ободӣ умр сипарад.

Аммо бо фитнаю иғвоангезии Гарсевази бадхоҳ миёни Афросиёбу Сиёвуш шубҳа бармехезад ва Афросиёб Сиёвушро ноҳақ ба қатл мерасонад. Бо марги ӯ замину замон меларзад ва нолаву фиғону зорӣ баланд мешавад. Намоишнома бо садои таронаи “Аз хуни Сиёвушем...” хотима ёфт. Бинандагон намоишномаро бо кафкӯбии бардавом истиқбол карданд.

1/6

Ин достон инъикоси покӣ ва садоқат тафсир меёбад, зеро Сиёвуш, ки дар тинаташ садоқат ва покӣ ҷилва меёфт, қурбони ҷаҳолат ва кинаҳои сиёсӣ шуд. Тамошои он, ки бо порчаҳои назмиву насрӣ манзури бинанда гардид, касро водор мекунад, ки бори дигар рӯйи фалсафаи зиндагӣ андеша кунад.

Аз нақшофарии ҳунармандон ва тамаркузи намоишнома пайдо буд, ки интихоби ин достон барои намоиши саҳнавӣ тасодуфӣ нест. Он бори дигар таъкид мекард, ки андешаҳои Фирдавсӣ барои имрӯз пир нашудаанд ва он иллатҳое, ки он замон буданд, ҳанӯз боқист.

Баъзе аз алоқамандони санъату фарҳанг барои тамошои намоиш бо кӯдакони худ омада буданд. Теъдоде аз донишмандону шоирони эронӣ низ дар толори театр ҳузур доштанд.

Баъди анҷоми намоишнома дар чеҳраи бинандагон осори ризоият пайдо буд. Аксари онҳо байни худ аз таассуроти худ ва бурди намоишнома ҳарф мезаданд.

Ба гуфтаи яке аз меҳмонони эронӣ, он чизе, ки дар саҳна намоиш дода шуд, чанд маротиба болотар аз он буд, ки интизораш буданд.

 

Аз талошҳои Комил Ёрматову Тӯҳфа Фозилова то имрӯзи театри Конибодом

Намоишномаи дигаре, ки нимаи аввали рӯз дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов ба саҳна гузошта шуд, “Бозгашт” унвон дошта, аз ҷониби ҳунармандони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом ба намоиш гузошта шуд. Намоишнома бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур рӯйи саҳна омада, дар қолаби мустанади таърихӣ аз рӯйи ёддошти “Бозгашт”-и Комил Ёрматов ва хотироти ҳунармандони театр офарида шудааст.

Ин намоишнома аз таърихи пайдоиш, комёбиву нокомиҳо ва рӯзгори пурпечутоби ин театр қисса мекунад.

Дар қисмати аввали намоиш ҳолати имрӯзаи театр ба тасвир кашида шуда, муколамаи ҳунармандони рӯзгордидаи театрро сари тарки театр ва соҳа кардани ҳунармандони ҷавон фаро мегирад. Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки акнун чӣ гуна намоишномаи нав ба саҳна мегузоранд, зеро синну соли онҷо ба ҷое расидаву ҷавонҳо аз театр рафтанд.

Идомаи намоишномаро қиссаи ҳунармандони калонсоли театр аз хотироти овони ҷавонии онҳо дарбар мегирад. Дар саҳна воқеоти пурэҳсоси солҳои 1922, 1956 ва 1969 инъикос ёфта, бинандаро ба сайри таърихи театр мебарад. Аз ҷумла, талошҳои Комил Ёрматов барои таъсиси театр, барҳам хӯрдани он бо сабаби иҷро накардани нақшаи молиявӣ ва нарасидани мутахассисони эҷодӣ дар соли 1956, кӯшишҳои Тӯҳфа Фозилова ва дигар ҳунармандон барои эҳёи дубораи театри Конибодом  намоиш дода шуданд.

Инчунин, порчае аз намоишномаи “Нурхон”-и Комил Яшин, ки сарфи назар аз андешаҳои хурофотӣ орзуи ҳунарпешаи театр шудан дошт, намоиш дода шуд.

1/5

Дар умум, тамошои намоишномаи “Бозгашт” ба бинанда таърихи театри Конибодом ва талошҳои шахсиятҳои барҷастаи онро ҷилва дод.

 

Боз кадом намоишномаҳо рӯйи саҳна омаданд?

Рӯзи 19-уми апрел се намоишномаи дигар манзури бинандагони санъати театр гардид. “Зангирӣ ё дамгирӣ” аз он намоишномаҳое буд, ки ба масоили иҷтимоӣ бахшида шуда, аз ҷониби ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо коргардонии Ш.Қурбонмуҳаммад ба саҳна гузошта шуд.

Намоишнома мазҳакавӣ буда, бо вуҷуди он ки аксари бинандагон ва баъзе ҳунармандон интихоби мавзуи онро маъмулӣ унвон доданд, аз ҷиҳати ҳунарӣ ва саҳнагузорӣ сазовор арзёбӣ шуд. Инчунин инъикоси масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла баъзе рӯҳониёни гуфтаашон ба кардаашон мувофиқнабуда, нархи гарони гӯшту дигар маҳсулот аз масоили доғе буданд, ки дар намоишнома бамаврид истифода бурда шуданд.

1/3

Ҳамчунин он рӯз намоишномаи “Сандуқчаи сеҳрнок”-и Б.Баракаева аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ўзбекии драмавӣ-мусиқии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен ва намоишномаи “Пир во время чумы”-и Хуршед Мустафоев аз ҷониби Театри давлатӣ-драмавии русии ба номи В.Маяковский намоиш дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки  фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” рӯзи 14-уми апрел оғоз шуд ва имрӯз, 21-уми апрел, соати 17:30 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии ин ҷашнвора доир мегардад.

Ғолибони “Шоҳҷоиза”, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин ғолибон аз рӯйи бахшҳои “Беҳтарин асари драматургӣ”, “Коргардони беҳтарин”, “Беҳтарин нақши мардона”, “Беҳтарин нақши занона”, “Беҳтарин нақши операвӣ”, “Беҳтарин ороиши мусиқӣ”, “Беҳтарин нақши эпизодӣ”, “Беҳтарин ороиши саҳна” ва “Беҳтарин нақши лӯхтак” бо мукофот ва тӯҳфаҳо қадр мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.