Рӯзи 15-уми май, маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” дар меҳмонхонаи “Кангурт”-и Душанбе баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамсарон ҳамроҳи фарзандонашон, ҳунармандону раққосон ва масъулин ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ ба даҳ ҷуфти камбизоат шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.
Ин чорабинӣ чӣ гуна гузашт, ғолибон чӣ тавр муайян шуданд ва чӣ тавр қадрдонӣ гардиданд, дар гузориши мо тамошо кунед:
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” дар се марҳила шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Ин озмун бори дуюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешава.
Ба иттилои кумита ғолибон аз рӯйи низомномаи зеррин муайян шуданд:
- солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ;
- тарбияи дурусти фарзандон;
- саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат;
- нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ;
- шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон;
- забондонӣ ва иштироки фарзандон дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;
- ҷалби фарзандон ба хизмати ҳарбӣ;
- ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа.
Дар анҷоми маросими ҷоизасупории озмуни “Оилаи беҳтарин” барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли санъат ва ҳунар баргузор гардид. Ҳамчунин аз ҷониби ҳунармандон саҳнаи театрӣ манзури меҳмонон гардонида шуд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста