Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон, ки тақдими хона ба ӯ аз ҷониби шаҳрдории Митиши боиси норозигии ҷомеаи миллатгароёни Русия гардида, мақомоти ин кишвар ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор карда буданд, барои баргардонидани хонаш ба додгоҳ шикоят кардааст.
Дар ин бора пойгоҳи интернетии “Российской газеты” бо такя ба Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав хабар дода навиштааст, ки “мурофиа моҳи июл оғоз мешавад”.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо такя ба сомонаи додгоҳи ин шаҳр менависад, ки “мурофиаи аввали додгоҳ рӯзи 29-уми май баргузор шуда, рӯзи 30-юми май додрас даъвои Таҳмина Самадоваро шунидааст”.
Аввали моҳи январи соли равон шаҳрдории Митиши ба Таҳмина Самадова дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд гувоҳнома барои хариди манзил ба маблағи 24 млн рубл тақдим кард. Ин боиси баҳсу даъвоҳо дар ҷомеаи ин кишвар шуд.
Дар пайи фишори ҷомеа мақомот хонаро дубора гирифта, нисбати ин зодаи Тоҷикистон бо ҷурми “қаллобӣ” (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) парванда боз карда, ӯро боздошт карданд. Баъдтар Таҳмина Самадоваро бо шарти тарк накардани ҷойи истиқомат озод намуданд.
Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия талаб карда буд, ки раванди тақдими хона ба хонаводаи Самадова санҷида шавад.
Дертар, дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир ва барои хунукназарӣ (моддаи 293 КҶ ФР ) бар зиддиш парванда боз шуд. Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Юлия Купетская, шаҳрдори Митиш гуфта буд, ки “Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”.
Таҳмина Самадова ва шавҳараш Рамазон Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ҳастанд, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо бо 7 фарзанди худ дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд.
Мавқеи худи аъзои ин оила дар робита ба ин қазия маълум нест. Онҳо аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.
Ахиран тақдими хона ба як оилаи дигари тоҷик дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов, ки шаҳрвандии Русияро дорад, боиси норозигӣ ва баҳси ҷомеа ва миллатгароҳо гардида буд.





Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста