Барои харидани гӯшт, картошка ва пиёз дар ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе сокинон ба навбат истодаанд. Дар ин ҷо 1 кг гӯшт - 65 сомонӣ, 1 кг картошка - 4 сомонӣ ва 1 кг пиёз - 2 сомонӣ аст.
Ба иттилои масъулин, дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили иди Қурбон ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил карда шуд:
- ноҳияи Исмоили Сомонӣ - дар бозори “Меҳргон”;
- ноҳияи Шоҳмансур - дар боғи “Куруши Кабир”;
- ноҳияи Фирдавсӣ - дар “Бозори Саховат”;
- ноҳияи Сино - дар Маркази савдои “Шому саҳар”.
Ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шудааст.
Ҳамасола дар арафаи идҳо нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва ин сабаби нигарониву шикояти сокинон гардидааст.
Субҳи имрӯз “Азия-Плюс” аз ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар боғи “Куруши Кабир” боздид кард. Ин ҷо маҳсулоти ниёзи аввал, ба мисли гӯшт, картошка, пиёз, орд, равған, шакар, меваҳо ва шириниву қаннодиҳои гуногун ба фурӯш гузошта шудаанд.
Аксари сокинон барои харидории гӯшт дар навбат истодаанд. То кунун чанд мошинҳои хурди картошка ва пиёз ҳам холӣ шудаанд. Ба гуфтаи сокинон, дар ин ҷо нархи маҳсулот, ба фарқ аз бозорҳо, то 50 дарсад арзон аст.
Мухлиса Орипова, як сокини пойтахт, гуфт, ки “1 кг гӯштро ба 65 сомонӣ харидам. Дар дигар бозорҳо нархи он 90 сомонӣ аст. Дар ин ярмарка арзонтар, барои ҳамин мардум навбат мепоянд”.

Ҳошим, сокини дигари Душанбе, ки хариди бисёр кардааст, гуфт, ки нархи картошкаву пиёз ҳам, нисбати бозорҳо, фарқкунанда аст:
“Ин ҷо 1 кг картошка 4 сомонӣ аст, дар бозорҳо - 7 сомонӣ, ин ҷо 1 кг пиёз 2 соманӣ аст, дар бозорҳо - 4 сомонӣ. Боз дар шабу рӯзи ид савдогарони бозор нархҳоро қимматтар мекунанд”.
Ӯ гуфт, ки чунин ярмаркаҳо агар зиёд шаванд, мардум камтар бозор мераванд, фурӯшандаҳои фурсатталаб харидор намеёбанд, маҷбур мешаванд, ки нархҳоро арзон кунанд.
Қаблан, сокинон аз сифати пасти маҳусоти дар ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта танқид мекарданд.
Дар ин ярмарка Агентии захираҳои моддии давлатӣ, “Тоҷикматлубот” ва Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе маҳсулотро ба фурӯш гузоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъули “Тоҷикматлубот” нахост бо “Азия-Плюс” дар бораи ин ярмарка суҳбат кунад ва талаб намуд, ки аз ярмарка акс нагирем.
Ёдовар мешавем, ки ин ярмарка имрӯз ва пагоҳ, 4 ва 5-уми июн, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор мегардад.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста