Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳамоише гуфтааст, ки дар сурати қатъи маблағгузорӣ аз сӯи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф “таҳсил дар деҳот душвор гардида, мушкили норасоии мактаб ва омӯзгор меафзояд”.
Ӯ ин нуктаро рӯзи 3-юми июн дар ҷаласаи Шӯрои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) зикр карда, дар суханронии худ оид ба мушкилоти ҷиддии соҳаи маориф дар пайи коҳиши маблағгузории шарикон таъкид кардааст.
Вазири маориф бо ишора ба лоиҳаи нави Шарикии глобалӣ, ки то соли 2030 коҳиши маблағгузориро дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, гуфтааст, ин “на танҳо дастрасиро ба дастгирии молиявӣ барои ислоҳоти низоми маориф маҳдуд мекунад, балки иштироки кишварҳоро дар дигар механизмҳои маблағгузорӣ низ душвор месозад ва суботи рушди низоми миллии маорифро зери хатар қарор медиҳад”.
“Кӯдакони минтақаҳои деҳот, духтарон, шахсони имконияташон маҳдуд ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазир то ҳол ба монеаҳои низомӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар бисёре аз кишварҳои минтақа то ҳол мушкилоти норасоии инфрасохтор, камбуди мутахассисон ва ноустувории механизмҳои идоракунӣ ҷой доранд”,- гуфтааст вазири маориф.

Раҳим Саидзода бо ишора ба афзоиши аҳолӣ ва дар пайи ин зиёд шудани сармоягузорӣ дар сохтмони мактаб ва тайёр кардани омӯзгорон, гуфтааст, “дастгирии пайвастаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ба кишварҳои мо имкон медиҳад, ки ба татбиқи ҳадафи 4-и рушди устувор-таъмини таҳсилоти босифат ва фарогир барои ҳама, саҳми воқеӣ гузошта шавад”.
Ӯ пешниҳод кардааст, “ба ҷои маҳрумсозии пурра, бояд дастгирии қисман, бо такя ба меъёрҳои объективӣ – аз ҷумла сатҳи осебпазирӣ, суръати афзоиши аҳолии ҷавон ва нобаробарии дастрасӣ ба таҳсил, пешбинӣ гардад”.
“Маҳрум гардидани кишварҳо аз дастрасӣ ба Гранти табдилдиҳии низоми маориф метавонад ин дастовардҳоро зери хатар қарор диҳад. ...умедворем, ки маҳдудияти зикршуда бознигарӣ хоҳад шуд”,- умедворӣ кардааст вазири маорифи кишвар.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соҳаи маориф бештар танқид мешавад ва дар кишвар норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ мавҷуд аст.
Барои бартараф кардани ин мушкилот дар баробари маблағҳои буҷетӣ, вазорати маориф аз хориҷи кишвар лоиҳаву грантҳоро ҳам ҷалб мекунад.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста