Собиқ сардухтури санитарии Русия Геннадий Онишенко даъват кард, ки муҳоҷирон пеш ворид гардидан ба Русия аз муоинаи тибби ва эмкунӣ (моякӯбӣ) гузаранд.
Онишенко бар ин назар аст, ки бо кишварҳое, ки муҳоҷирон аз он ҷойҳо меоянд, мебояд қаблан дар бораи муоинаи пешакии тиббӣ ва ваксинзанӣ мувофиқа ҳосил намуд.
Тавре ки lenta.ru менависад, агар ба Русия мутахаасисони хориҷӣ лозим бошанд, пас барои будубоши онҳо дар кишвар шартҳо гузоштан лозим аст.
“Маро бубахшед, чаро шумо ин ҷо нишастаед? Агар барои мо муҳоҷирон лозим бошанд, пас мо бояд шарт гузорем”, - изҳор доштааст ӯ.
Академики рус гуфтааст, имрӯз Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҷойҳои муҳим машғули коранд, ниёз дорад ва ҳавлирӯбон (дворникҳо)-ро мисол овардааст, ки дар он аксаран шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки “онҳо кори неку хуб мекунанд” ва илова намудааст, ки ба ҷойи манъкуниҳо, тақвияти назорат аз болои вазъи солимии онҳо зарур аст.
Онишенко даъват кардааст, ки ба таҷрибаи аллакай мавҷуда такя кардан лозим аст, ки замони паҳншавии СПИД байни кишварҳо дар бораи қабули танҳо хориҷиёне, ки аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳуҷҷтаҳои зурарӣ дар ин хусусро дар даст доранд, пешакӣ шартномаҳо ба имзо мерасиданд.
Собиқ сардухтури санитарии Русия чунин мешуморад, ки имрӯз ҳам чунин рафтор кардан зарур аст.
“Он замон бо кишварҳо шартнома баста, мегуфтем, ки одамон назди мо бояд бо варақаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан оянд. Ба баъзе кишварҳо бовар дошем ва ҳуҷҷатҳои онҳоро эътироф мекардем. Бархеро худамон аз муоина мегузаронидем. Имрӯз дар соҳаи муҳоҷират тартибот ҷорӣ кардан зарур аст. Агар лозим бошад, пас эм гузаронидан лозим аст”, - изҳор доштааст Онишенко.





“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста