Дар ҷашнвора-намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон гӯсфанде, ки вазнаш 189,5 килограмм буд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Гӯсфанд аз ҷониби хоҷагии “Сим-Сим” аз шаҳри Ваҳдат пешниҳод шуд.

Дар Ҳисор рӯзи 19-уми сентябр ҷашнвора-намоиши гӯсфандҳои зоти ҳисорӣ баргузор шуд. Дар варзишгоҳи марказии шаҳр деҳқонону муҳаққиқон, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи соҳа ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун гирдиҳам омаданд, то ки дастовардҳо дар парвариши зоти маъруфи гӯсфанди ҳисориро бо чашми худ бубинанд.

Меҳмонон нахуст аз муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ боздид намуда, сипас бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Ҳисор шинос шуданд. Дар майдон рафҳои фурӯши мева ва хушкмева, шириниву маснуоти қаннодӣ, нӯшокиву таъомҳои миллӣ ташкил шуда, инчунин консерт баргузор шуд.

Ҷашнвора-намоиш дар варзишгоҳи марказии Ҳисор
Акс аз Asia-Plus

Чорводорон ба Ҳисор беҳтарин зотҳои гӯсфандҳо, аз ҷумла қӯшқору барра ва мешҳои наслиро оварда буданд. Ҳайати ҳакамон ба онҳо аз лиҳози ҷусса, синну сол, вазни зинда, намуди зоҳирӣ, раванди маҳсулнокӣ ва таркиби зот баҳогузорӣ карданд.

Афзалият ба вазни мутлақ

Аз рӯйи номинатсияи “Қӯшқори беҳтарин дар вазни мутлақ” Шоҳҷоиза ба Хоҷагии деҳқонии “Сим-Сим”-и шаҳри Ваҳдат сазовор дониста шуд. Ба хоҷагӣ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

1/5

Аз рӯйи номинатсияи “Қӯшқори наслии беҳтарин” Хоҷагии деҳқонии “Давлат” аз шаҳри Ваҳдат бо гӯсфанди вазнаш 159 кг ба ҷойи якум соҳиб шуд. Дар категорияи “Меши наслӣ” хоҷагии “Яҳё” аз ноҳияи Рашт бо гӯсфанди вазнаш 105 кг ғолиб дониста шуд.

Дар номинатсияи “Барррачаи беҳтарин” ҷойи якум бо баррачаи вазнаш 123 кг ба хоҷагии “Мирзокарим” аз шаҳри Ҳисор дода шуд. Ҳамаи ғолибону ҷоизадорон бо диплому ифтихорнома ва мукофтопулиҳо дар ҳаҷми аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

1/8

Миқёси байнулмилалӣ

Чорабинӣ идомаи қисми илмии Симпозиум аст, ки рӯзи 18 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он олимону мутахассисон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон Русия, Беларус, Украина, Молдова, Эрон ва Канада ишӣтирок ва маърӯза карданд.

Меҳмонон аҳаммияти кори селексионӣ дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуданд. Тиргоот Чортонбоев, профессори кафедраи “Биотехнология ва кимиё”-и Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон ба номи Скрябин аҳаммияти ҷаншвораро барои табодули таҷрибаи байнулмилалӣ махсус таъкид кард.

“Дар ин ҷо намояндагони кишварҳои гуногун, кишоварзону олимон ҷамъ омадаанд ва мо бо чашми худ дидем, ки ин зот чӣ хусусият дорад. Гӯсфанди ҳисорӣ воқеан нодир буда, онро мардум тавассути селексияи мардумӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардаанд ва ин сифатҳо бо заҳмати чандин насл то имрӯз ҳифз шудааст.

Дар Қирғизистон низ зотҳое дорем, ки бо иштироки зоти ҳисорӣ ба вуҷуд оварда шудаанд, масалан Айкӯл ва Арашон. Мо мебинем, ки гӯсфанди ҳисорӣ имкониятҳои бузург дорад ва пеши олимон вазифаҳои такмил додани сифатҳои он гузошта шудааст. Ин корест, ки дар оянда низ талабот ва аҳаммият хоҳад дошт”, – мегӯяд ӯ.

Тиргоот Чортонбоев
Акс аз Asia-Plus

Юсуфҷон Юлдошбоев, олим аз Русия дар соҳаи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварӣ, академики Академияи илмҳои Русия, иҷрокунандаи вазифаи мудири Пажуҳишгоҳи зоотехника ва биологияи Донишгоҳи давлатии аграриии Русия-Академияи кишоварзии Маскав ба номи Тимирязев, аҳаммияти ҷаҳонии гӯсфанди зоти ҳисориро зикр кард:

“Миёни беш аз 1129 зоти маълум гӯсфанди зоти ҳисорӣ бузургтарин зоти гӯсфанд дар ҷаҳон аст. Имрӯз он бо талошҳои олимон ва кишоварзони корозмуда такмил меёбад ва хушоянд аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳифзу рушди ин сарват таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Ҳоло дар кишвар беш аз се миллион сар гӯсфанди ҳисорӣ парвариш меёбад.

Ин зоти ояндадор барои гӯшт аст: пашм имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ аҳаммияти худро гум кардааст, аммо гӯшт ва шир дар бозор серталабанд. Барои Тоҷикистон ин имкони воқеӣ барои таҳкими мавқеи худ дар соҳаи чорводории байнулмилалӣ мебошад”.
Юсуфҷон Юлдошбоев
Акс аз Asia-Plus

Кишоварз аз Ҳисор, раиси хоҷагии деҳқонии "Алмосӣ" Хурсандмурод Турсунзода аз таҷрибаи шахсӣ ва анъанаҳои оилавӣ изҳори назар кард:

“Хоҷагии мо аз соли 2000-ум ба парвариши гӯсфанди ҳисорӣ машғул аст. Ҳоло мо 780 сар гӯсфанд дорем. Тобистон рамаи худро ба чарогоҳҳои дараи Ромит мебарем, ки 809 гектар замин дорем. Зимистон аз чарогоҳҳои ноҳияи Шаҳритус истифода мебарем, ки дар ин ҷо низ зиёда аз 200 гектар замин дорем. Мо пурра бо захираи хӯрока таъминем.

Ин шуғл дар оилаи мо аз насл ба насл гузашта, бобоёну падаронам гӯсфандпарвар буданд ва имрӯз ман ин корро бо писарон ва набераҳоям идома медиҳам. Дар ду соли наздик ният дорем, ки саршуморро то беш аз ҳазор сар зиёд кунем. Барои мо ин на танҳо тиҷорат, балки ҳифзи анъана ва суннатҳои ниёкон низ мебошад”.
Хурсандмурод Турсунзода
Акс аз Asia-Plus

Созмондиҳандагони чорабинӣ бо ифтихори махсус ба иштирокчиён хотиррасон намуданд, ки моҳи июли соли 2025 дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” (GIAHS) шомил шуд.

Ин эътироф дар сатҳи байнулмилалӣ мавқеи Тоҷикистонро ба сифати кишвари дорои мероси нодири бахши кишоварзӣ мустаҳкам мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.