Тақсими китоби “Шоҳнома” дар Душанбе идома дорад. Ҳоло чаҳор ноҳияи пойтахт ҳудуди 300 ҳазор ҷуфт китоб гирифтаанд, то ба сокинони пойтахт дастрас кунанд.
Намояндагони ҳукумати чор ноҳияи Душанбе гуфтанд, ки то ҳол чунин теъдод “Шоҳнома”-ро барои тақсим ба сокинони пойтахт қабул карданд:
- Исмоили Сомонӣ - 24 522 ҷуфт
- Сино - 104 827 ҷуфт
- Шоҳмансур - 86 138 ҷуфт
- Фирдавсӣ - 73 153 ҷуфт
Рафти тақсими китоби “Шоҳнома” ба сокинони пойтахтро дар гузориши мо бинед:
Бояд гуфт, ки тақдими китоби “Шоҳнома”, ҳамосаи безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ аз шаҳру навоҳии ВМКБ оғоз шуда, баъди тақсимот дар шаҳру навоҳии тобеи кишвар ҳоло тақдими он ба сокинон дар пойтах идома дорад. То соли 2026 ин китоб ба тамоми аҳолии кишвар дастрас мегардад. Он аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар нашриёти “Шарқи озод” дар ду ҷилд бо теъдоди 1 млн 700 ҳазор нусха ба нашр расидааст.



Изҳороти ҷавонони тоҷик дар СОР30 рӯнамоӣ мешавад. Онҳо барои ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим чӣ пешниҳод карданд?
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллии “ORIZ” ба фаъолият оғоз кардааст
Ҷазои 1 ҳазору 312 падар ва модар дар Душанбе барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандонашон
Аз Турсунзодаву Қаноат то Низорамоҳ Зарипова. Китоби наве бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор шуд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, то имрӯз бо Тоҷикистон чанд хона, иншооти иҷтимоӣ ва замин табодул шудааст
Куштори пурсарусадо дар Рӯдакӣ. ВКД бори аввал аксу ҳувияти гумонбарро ошкор кард
280 нуқтаи фурӯш ва 20 мағоза сӯхтаанд ё зарар дидаанд. Мақомот сӯхтор дар бозори Панҷакентро шарҳ доданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 20
Тоҷикистону Эрон хатсайрҳои нави ҳавоӣ боз мекунанд: ба Киш ва Машҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста