Баъди ду ҳафтаи шикояти пайдарпайи сокинон аз оғози реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ ё худ “лимит”, мақомот тасдиқ карданд, ки дар бархе минтақаҳо “аз соати 10:00 то 17:00 барқ хомӯш карда мешавад”.

Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази диспетчерии “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чунин тасмим дар пайи гузаронидани корҳои таъмирӣ дар хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳо гирифта шудааст.

“Шикоятҳо дар хусуси ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ асос надорад. Дар шабонарӯзи гузашта аҳолӣ бо барқ таъмин буданд. Субҳи имрӯз (10-уми октябр) боз хомӯшкунӣ дар бархе минтақаҳо оғоз гардид ва ҳоло аз соати 10:00 то 17:00 барқ хомӯш мегардад”,- гуфт Дӯстмурод Тоиров.

Ин масъули “Шабакаҳои интиқоли барқ” мегӯяд, ки сатҳи оби дарёи Вахш баланд буда, дар як ҳафтаи охир воридшавии об ба обанбор нисбатан хубтар будааст.

“Ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ аз сатҳи обанбор ва кам шудани воридшавии об ба дарёи Вахш вобаста аст”,-гуфт номбурда.

Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “воқеан норасоии нерӯи барқ мавҷуд аст, вале инро маҳдудият гуфта наметавонем”.

“Нисбат ба соли гузашта имсол сокинон аз рӯйи соат бештар бо барқ таъмин ҳастанд. Ҳоло ба хотири пур кардани сатҳи обанбори нерӯгоҳи “Норак” ва омодагӣ ба мавсими зимистон, нерӯи барқ дар минтақаҳо қатъ мегардад”,- гуфт номбурда.

Ҳарчанд мақомот ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқро расман тасдиқ намекунанд, вале сокинони кишвар ҳамарӯза шикоят доранд, ки дар як шабонарӯз то 10 соат барқ доранду халос. 

Аз 21-уми сентябр сокинои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз оғози “лимит”-и барқ хабар дода, гуфтанд, ки рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз соати 21:00 то соати 5:00 барқ қатъ мешавад.

Сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар аз мақомоти марбута, махсусан ширкати “Барқи тоҷик” талаб карданд, ки ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқро эътироф ва муҳлати онро муайян кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раисҷумҳур дар чанд соли охир ба сокинон расман хабар медиҳад.

Аммо имсол бо вуҷуди шикоятҳои сокинон то ҳол расман ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро эътироф накардааст. Дар ҳоле, ки соли гузашта аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуда буд.

Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд. Сарфи назар аз ин Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.