Ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулӣ (стипендия)-и президентии “Дурахшандагон”, ки тариқи он метавон ройгон дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кард, оғоз гардид. Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти стипендия аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз шуд ва то 30-юми апрели соли 2026 идома меёбад.
Дар ин бора аз Маркази “Дурахшандагон” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Супоридани ҳуҷҷатҳо барои тамоми зинаҳои таҳсил - бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ оғоз гардид.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 пешниҳод кунанд.
Барои сабтином ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
- нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн;
- маълумотнома дар бораи доғи судӣ;
- маълумотномаи тиббӣ;
- маълумотномаи наркологӣ;
- маълумотномаи ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ);
- маълумотнома дар бораи Вирӯси норасоии масунияти одам (ВНМО)(ВИЧ/СПИД);
- тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом);
- расид аз “Амонатбонк” (120 сомонӣ);
- сертификати донистани забони хориҷӣ;
- як сурати андозаи 3×4 см.

Аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ гуфтанд, ки ҳоло миқдори квотаи пешбинигардида барои соли таҳсили 2026-2027 муайян нашудааст.
Тибқи иттилои ин марказ соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 квотаи президентии “Дурахшандагон” барои довталабони тамоми зинаҳои таҳсилот ва коромӯзон пешниҳод гардида буд, аммо танҳо ба 77 донишҷӯи зинаи бакалавриат квота дода шуд.
Намояндагони ин марказ қаблан гуфта буданд, ки соли 2025 барои довталабони зинаҳои магистратура, докторантура ва коромӯз стипендияи “Дурахшандагон” пешниҳод нашудааст. Сабаби инро шарҳ надоданд.
Бояд гуфт, стипендияи “Дурахшандагон” барои таҳсили донишҷӯён ва коромӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад. Низомномаи ин стипендия донишҷӯёни тоҷикро уҳдадор мекунад, ки баъди хатми таҳсил панҷ сол дар ниҳоде, ки дархост гардида буд, фаъолият кунанд.
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30% онҳоро духтарон ташкил медодаанд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста