Зимни мусоҳиба ба "Asia-Plus" намояндаи ширкат Хусрав Султонов дар бораи рушди замима, навовариҳо ва тағйири одатҳои сокинони шаҳр аз сӯйи Jura изҳори назар кард.

Дар ҷараёни мусоҳиба мо аз тарзу усули кори замима, сабаби бештар тариқи онлайн фармоиш додани таксӣ, аз ҳақиқат дурии овозаи “пардохти ҳаррӯза” аз ҷониби ронандагон огаҳӣ пайдо кардем.

Jura изҳор медорад: “Замима ҳеҷ гуна маблағи иловагӣ намегирад ва ҳамаи муносибатҳои молиявӣ шаффоф ва худкор шудаанд”.

Миёни навгониҳо метавон аз имкони пардохти ғайринақдӣ, беҳтар шудани машхиси макони фармоиш, пардохти иловагӣ барои қабули фармоиш ва ҳозир шудан ба макони фармоиш, суроғаҳои нав дар харита ва корбурди ояндаи бо пардохти маблағ бекор шудани фармоиш ном бурд, ки ба гуфтаи намояндагони ширкат, аз манфиатҳои ронандагон ҳимоя мекунад.

Дар гузориши видеоии мо аз тарзи кори замима ва нақшаҳои минбаъдаи он огоҳ шавед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.