Дар маркази намоишгоҳи Душанбе чанде пеш Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон-2025” ба кор оғоз намуд.
Дар ин чорабинӣ, ки дар Маркази “ЭКСПО”-и шаҳри Душанбе ҷараён дорад, зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Беларус, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Чин иштирок мекунанд.
Боздидкунандагон аз намоишгоҳ метавонанд маснуоти заргарӣ, хӯрокворӣ, мебелу дастгоҳ барои ошхона, рангу масолеҳи сохтмон, асобу лавозимоти рӯзгор, қолин, либос, туҳфа ва боз бисёр чизҳои дигари ҷолиб харидорӣ кунанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” аз намоишгоҳ боздид кард. Дар суратгузориши мо ҷараёни баргузории онро метавонед тамошо кунед.
Қобили зикр аст, ки намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода шудааст.



