Рӯзи 14-уми ноябр ҷашни 60-солагии Ансамбли эстрадии “Гулшан” бо ҳузури овозхонони дирӯзу имрӯзи он, фарҳангиён ва садҳо мухлис дар Душанбе таҷлил шуд. Мо аз ин ҷашнвора гузориш омода кардем ва ҳамзамон хотироти собиқадорони ин даставу овозхонони шинохтаро пурсидем.
Дар ин чорабинӣ, ки дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг ширкат кард ва аз корномаи 60-солаи ин дастаи машҳур сухан ронд.
Дар қисмати расмии ҷашн ба сарояндагони собиқадори даста сипоснома ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг супурда шуд.
Лаҳзаи хосаи ҷашн тақдими Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буд. Мағфират Ҳамроқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз овозхонони собиқадори “Гулшан” Ҷоизаи Рӯдакиро, ки ин даста дар соли 1976 ба даст оварда буду он дар бойгонии Ҳамроқулова нигоҳ дошта мешуд, ба роҳбарияти ҳозираи даста – Баҳоваддин Неъматов тақдим кард.
Эҳёи хотироти ҷавонӣ
Консерти ҷашнӣ бо суруди “Хотира” оғоз ёфт. Ин қисмат маҷмӯи беҳтарин таронаҳои сарояндагони фақиди “Гулшан” - Лайло Шарифова, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Субҳон Саидов, Умар Зиёев ва дигар ҳунармандони шӯҳратёрро дарбар гирифт.
Мухлисон барномаро бо кафкӯбиҳо, рақс ва ҳатто ашки фараҳ истиқбол гирифтанд. Ҳозирин таъкид карданд, ки ин сурудҳо онҳоро ба хотироти солҳои 1970 - 1990 бурданд.
Сарояндагони ҷавони даста таронаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва итолиёвӣ иҷро карданд. Аз ҷумла, суруди машҳури “Эй санам”-и Тоҷиддин Муҳиддинов аз ҷониби Исматулло Холиқов иҷро гардид.
Консерт бо иҷрои дастаҷамъонаи суруди таърихии “Шаб ба хайр”-и Баҳодур Неъматов, ки зиёда аз 50 сол собиқа дорад, ба анҷом расид.
“Гулшан” тамоми зиндагиамро фаро гирифт”
Дар ҳошияи ин ҷашнвора якчанд ҳунармандони саршинос аз хотироти худ ба “Азия-Плюс” нақл карданд ва иброз доштанд, ки “Гулшан” маънои зиндагӣ ва хотироти ҷавониашон аст.
Тамара Катаева аз куҳанкортарин сарояндагони дастаи “Гулшан” аст. Ӯ аз миёни сарояндагони кунун зиндаи ин даста аз ҳама пештар - соли 1969 ба кор омадааст. Мавсуф хотироташро ба ёд оварда, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “бо “Гулшан” сабзидам, машҳур шудам ва то кунун бо рӯҳияи он зиндагӣ дорам”.

“Аз устодони санъат, ба монанди Лайло Шарифова ва Орифшо Орифов, ҳунари сарояндагиро омӯхтам. “Гулшан” тамоми зиндагиамро фаро гирифт, ба ман ном дод. Бо он ифтихор дорам”, - гуфт Катаева.
Ӯ зодаи Самарқанд аст, ҷавонияшро дар Душанбе гузаронида, беш аз ду даҳсола боз дар Амрико зиндагӣ ва фаъолият дорад. Ҳоло махсус барои ҷашнвораи 60-солагии “Гулшан” ба Душанбе омадааст. Ба гуфтаи худаш, “Гулшан” ҳамеша дар забонаш буд ва дилаш ба ёди он метапид.
“Дар аксар кишварҳои шарқу ғарб сафарҳои ҳунарӣ доштам. Ҳар ҷо ки будам, суруди тоҷикӣ хондам, санъати тоҷикро тарғиб кардам. Бо ёди Тоҷикистон будам”, - таъкид кард Тамара Катаева.
“Ҳама як сӯ, “Гулшан” - сӯи дигар”
Раҳима Шалоэр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, таъкид кард, ки 50 соли фаъолият дар “Гулшан” маънои зиндагиаш буд: “Ҳама як сӯ, “Гулшан” - сӯи дигар. Паҳлӯи пурбори тарозуи зиндагия аст. Он сафарҳо, сурудҳо, мухлисон аз ёдам намераванд”.

“Имрӯз 60-солагии “Гулшан” аст. Акнун шумо умри моро фикр кунед... Қариб 80-сола шудем. Ман фикр мекунам, ки ҳаводорӣ ва муҳаббати мухлисон умри моро дароз кардааст”, - афзуд Шалоэр.
Ӯ таъкид кард, ки “имрӯз басо хурсанд ҳастам. Аз ин лутфи Худованд сипосгузорам. Мехоҳам, ки сарояндагони ҷавон парчами “Гулшан”-ро бо тамоми тавон ба даст гиранд ва сатҳи баланди онро нигоҳ доранд. Ман ба онҳо умед дорам”.
“Ёди ҷавониҳо карда омадам”
Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, гуфт, ки “ансамбли “Гулшан” аз маҳбубтарин ва овозадортарин дастаҳои ҳунарии кишвор аст”.
Ӯ афзуд, дар 60 сол ин даста чандин устодони бузурги санъати эстрадиро тарбият кард ва аз Лайло Шарифова - асосгузори ин даста, Орифшо Орифов, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматулло Қурбонов, Муқаддас Набиева, Умар Зиёев, Мағфират Ҳамроқулова, Баҳодур Неъматов, Тамара Катаева, Исматулло Холиқов ном бурд.
“Ҳамаи инҳо дар ансамбли “Гулшан” ва умуман эстрадаи тоҷик хидмат карданд. Ҳама сурудҳое, ки инҳо мехонданд - зӯр буд. Апаи Муқаддас (Муқаддас Набиева, - Аз идора) вақте “То боди сабо”-ро мехонд, дили одам меларзид. Роҳат мекардем. Орифшо Орифов сурудҳои басо хуб мехонданд. Тоҷиддин Муҳиддин бо суруди “Эй санам” дар ҷаҳон шӯҳрат ёфтанд. Умар Зиёев ҳам сурудро бо забони тоҷикӣ ва русӣ нағз мехонданд”, - иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ гуфт, ки “Гулшан” хотироти ҷавониашро сохтааст ва барои ширкат дар ин консерти ҷашнӣ аз хориҷа ба ватан баргаштааст: “Кӯшиш кардам, ки ба ин консерт омада расам. Ёди ҷавониҳо карда омадам”.
Вай ба насли навин умед баста, гуфт, “ҳоло ҷавонони нав, ба мисли Бахтиёр Иброҳимов ва фарзандони Баҳодур Неъматов ба саҳна мебароянд ва идомадиҳандаи роҳи устодони санъати эстрадӣ ҳастанд”.
“Ман орзу дорам, ки “Гулшан” дар эстрадаи ҷаҳонӣ номи тоҷиконро баланд бардорад. Эстрада ҳамчун санъати воло дар тамоми дунё қабул шудааст. Ман ба сарояндагони ҷавони “Гулшан” бовар дорам, ки ин масъулиятро ба хубӣ пеш мебаранд. Мо бо онҳо ҳамкорӣ мекунем ва умед дорем, ки онҳо ҳам барои пешрафти кор аз пирони санъат маслиҳатҳо мепурсанд”, - гуфт Афзалшоҳ Шодиев.
“Ашки шодӣ рехтем”
Исмоил Назриев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳам зимни сӯҳбат бо мо гуфт, “вақте “Гулшан” мегӯем, хотираҳо даврони ҷавониамон ба ёд меоянд”.

“Мо дар консерт аз он устодони забардасту касбии тоҷик, монанди Орифшо Орифов ва Лайло Шарифова ёд овардем. Инчунин, раҳоварди “Гулшан” давра ба давра имрӯз нишон дода шуд. Ёди Кароматулло Қурбонов, Субҳон Саидов, Умар Зиёев шуд. Ҳамаи ин хотироти ҷавониҳои мост”, - гуфт ин овозхон.
Вай инчунин илова кард, “сарояндагони зиндаи ин дастаи овозадор бо сурудҳояшон моро ба дунёи ҷавонӣ бурданд. Бисёр хуб ҳам шуд, ки онҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ доштанд, ба ин ҷашн ҳозир шуданд. Ашки шодии шахсан ман ва чандин тамошобинону мухлисон рехт”.
Хотироти мутриби куҳансолу масъулияти сарояндаи ҷавон
Исматулло Абдуллоев мутриби собиқадори “Гулшан” аст ва беш аз ним аср барои сарояндагони ин даста мусиқӣ сохтаву дабл задааст. Ӯ хотироташро ёд оварда гуфт, “соли 1973 дар “Гулшан” ба кор омадам ва фаъолиятро бо Муқаддас Набиева оғоз кардам. Баъд Мағфират Ҳамроқулова, Баҳодур Неъматов ва Хурмо Ширинова омаданд.

Оҳиста-оҳиста сарояндагони насли дигар омаданд ва ин даста басо овозадор шуд. Ҳамаи ин ғунчаҳо дар пеши чашмони ман шукуфтанд. Аз шӯҳрати онҳо меболидам. Он вақтҳо дар кӯчаҳо моро мешинохтанд, наздамон меомаданд, дастхат мегирифтанд. Бо “Гулшан” хотироти зиёд сохтем. Беш аз 50 сол боз аз ин даста дил канда ё дур шуда наметавонам. Дар ин солҳо беш аз 1000 суруд сабт кардем”, - таъкид кард Абдуллоев.
Бахтиёр Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва сарояндаи ҷавони “Гулшан”, ёдовар шуд, ки “аз овони кӯдакӣ мухлиси ин даста будам ва имрӯз ифтихор дорам, ки роҳи бузургонро давом медиҳам”.
“60-солагии “Гулшан” бароям бузургтарин ҷашн аст. Агар ташбеҳ диҳем - ҷашни наздиктарин шахс аст. Мо имрӯз аз ҳама гузаштагони “Гулшан” ёд овардем. Умеди онро дорам, ки “Гулшан” ҳамеша зиндаву ҷовид монад ва анъанае, ки он бузургон ба мо мерос монданд, мо - ҷавонон онро бо сари баланд идома диҳем”, - гуфт Иброҳимов.

Аз нопадидии дастаи ҳунарӣ то таъсиси оркестри эстрадӣ
Ансамбли эстрадии “Гулшан” моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи телевизион ва радиoи Тоҷикистон бо мақсади рушди эстрадаи миллӣ ба фаъолият оғоз кард. Давоми ин солҳо “Гулшан” ҳамчун машҳуртарин дастаи эстрадии тоҷик шинохта шуда, дар тамоми кишварҳои шӯравӣ шӯҳрат ёфт.
Вале солҳои охир аз ин даста номе бурда намешуд ва мардум номи онро дар барномаҳои фарҳангӣ кам мешунидаанд. Ин вазъият барои бисёр ҳунармандони собиқадор ва мухлисон боиси нигаронӣ ва афсӯс гардида буд.
Пасон “Гулшан” ба Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанг интиқол дода шуд ва онро аз дастаи ҳунарӣ ба оркестри эстрадӣ табдил доданд. Ин тағйир имкон дод, ки “Гулшан” дубора ба фаъолияти пурра баргардад.
Раҳима Шалоэр, ки аз чанд соле аз баста шудани “Гулшан” бисёр афсӯс мехӯрд, имрӯз аз баргузории ҷашни 60-солагӣ басо хурсанд будааст. Ӯ кӯтоҳ дар ин маврид ба мо гуфт, “шодам ва аз ин лутфи Худованд сипосгузорам”.
Дигар ҳунармандон низ аз ин ки дастаи машҳур дубора зинда шуд ва ҷашни 60-солагиашро бо ҳузури садҳо мухлисон ва ҳунармандон баргузор кард, хурсандии хешро пинҳон карда натавонистанд.
Роҳбарон ва чеҳраҳои “Гулшан”
Шаклгирии корномаи “Гулшан” пеш аз ҳама бар асоси оҳангҳои тоҷикии мардумӣ бунёд ёфт. Барномаи ибтидоии “Гулшан” аз сурудҳои тоҷикӣ, озарӣ, русӣ, эронӣ ва ҳиндӣ иборат буд.
Нахустин роҳбари бадеии “Гулшан” сароянда Лайло Шарифова буд ва соли 2024 дар Олмон даргузашт. Баъдан ҳунарпешагони номӣ, чун Орифшо Орифов, Миратулло Атоев, Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Субҳон Саидов роҳбари бадеии “Гулшан” буданд.
Солҳои 1960-1970 овозхонон Раҳима Шалоэр, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Мағфират Ҳамроқулова, Хурмо Ширинова, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев ба “Гулшан” ҳамроҳ шуда, ҳамчун ситорагони эстрадаи тоҷик шуҳрат ёфтанд.
Овозхонони дигаре чун Кароматулло Қурбонов, Субҳон Саидов, Исматулло Холиқов ва чанде дигар маҳз ба туфайли “Гулшан” машҳур шуданд.

Сарояндагони “Гулшан” бо сурудҳои “Эй санам”, “Як ханда кун, эй гул”, “Гулҳои Душанбе”, “Шаб ба хайр”, “Майда-майда мерақсӣ”, “Боз ошиқ шавам”, “Боди сабо”, “Эй нури ман”, “Гулумой” ва даҳҳои дигар ба ҳаводорони мусиқии тоҷик хотира сохтаанд.
Имрӯз “Гулшан” ҳамчун ягона оркестри эстрадии давлатии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳадафи он дар байни ҷавонон тарғиб намудани оҳангҳои этникию мардумии куҳан дар равияи мусиқии муосири эстрадӣ гуфта мешавад.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста