Чанд вақти охир ҷанҷоли наврасон, бахусус, бо истифода аз корд зиёд расонаӣ мешавад. Ахиран дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар шаҳри Душанбе, ки бо истифода аз корд сурат гирифт, як хонандаи наврас кушта ва як ноболиғи дигар захмӣ шуд.

“Азия-Плюс” дар пайи ҳаводиси охир аз сокинони пойтахт пурсид, ки чаро истифода аз корд дар ҷанҷоли наврасон зиёд шуда ва роҳҳали он чист?

Ба андешаи бештари сокинон, дар аксар ҳолат ҷанҷол миёни наврасон аз тарбия дар оила маншаъ мегирад. Муҳоҷирати волидон, беназорат мондани фарзандон ва таъсири шабакаҳои иҷтимоиро ҳамсуҳбатони мо сабабҳои дигари сар задани задухӯрд ва кордкашӣ байни ноболиғон ном бурданд.

Посухи сокинонро муфассал дар навори мо бубинед. Шумо ҳам дар шарҳ назаратонро баён кунед.

 

Мавод дар доираи маъракаи иттилоотии “Зиреҳ” омода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.