Дар Тоҷикистон гузариш ба модели тарзи зиндагӣ дар шаҳр суръат мегирад: то миёнаи аср аз ҳар 10 сокини кишвар тақрибан 9-тоаш шаҳрнишин хоҳанд шуд.
Дар гузориши нави Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки рӯзи 19 ноябри соли 2025 нашр шудааст, тамоюлҳои калидии шаҳришавии глобалӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ нишон дода шудааст.
Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки кишварҳои минтақа фаъолона ба модели рушди шаҳрӣ гузашта, ин раванд дар даҳсолаи наздик тақвият меёбад.
Тоҷикистон ба сафи кишварҳои бештар босуръат шаҳришавии Осиёи Марказӣ дохил мешавад. Аллакай дар соли 2025 зиёда аз 51% аҳолии кишвар дар шаҳрҳои хурд ва шаҳракҳо ва 33,3% — дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар маҳаллаҳои аҳолинишини соф деҳот танҳо 15,5%-и аҳолӣ боқӣ мемонад, ки аз минбаъд коҳиш ёфтани ҳиссаи он гувоҳӣ медиҳад.
Пешгӯиҳо барои соли 2050 тағйироти назаррас дар сохтори аҳолиро нишон медиҳанд. Ҳиссаи аҳолии шаҳрҳои бузург то 46,8% афзуда, дар ҳамин ҳол, ҳисаи аҳолии деҳот то 10,3% поин меравад. Шаҳрҳои хурд ва шаҳркаҳо нақши худро нигоҳ дошта, лекин ҳиссаи онҳо то 42,9% кам мешавад.
Ба сурати умум, ин маънои онро дорад, ки қариб 90%-и сокинони Тоҷикистон дар мавзеъҳои шаҳришуда иқомат хоҳанд кард.
Дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон кишвари дорои фоизи баландтарини аҳолӣ боқӣ мемонад, ки дар шаҳрҳои хурд зиндагӣ мекунанд, лекин инчунин аз суръатҳои баланди гузариш ба шаҳрҳои бузургро нишон медиҳад.
Барои муқоиса, то соли 20250 ҳиссаи аҳолии шаҳрҳои бузург дар Қазоқистон 51%, дар Ӯзбекистон - 54,6%, Қирғизистон - 43,4% ва Туркманистон - 37,8%-ро ташкил хоҳад дод. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ то 50,3% зиёд мешавад.
Афзоиши масоҳати қаламравҳои биношуда
Тибқи гузориши СММ, Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиши назарраси масоҳати қаламравҳои биношударо нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя, нишондиҳандаҳои масоҳати қаламравҳои биношуда ба ҳар сари аҳолӣ дар кишвари мо то ҳол пасттар боқӣ мемонанд.





