Шурӯъ аз соли равон тартиби хариди симкорти телефонҳо дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ сангинтар шуд. Аз ҷумла ҳамакнун барои харидории симкор бояд дар барномаи "Хадамоти давлатӣ" (Госуслуги) худро ба қайд гузошт ва як бастаи комили ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Рақами суғуртаи суратҳисоби инфиродии шахсӣ (СНИЛС) пешниҳод кард.

Бо ишора ба пурзӯр шудани хариди симкорт дар ин кишвар, "Азия-Плюс" тамсим гирифт, ки дар бораи гирифтани симкорти Русия қадам ба қадам маълумот диҳам.

 

Шахсан бояд ба дафтари корӣ равед

Шаҳрванди хориҷӣ бояд шахсан ба дафтари кории оператор (Мегафон, Билайн, МТС, Tele2 ва ғайра) равад. Онлайнхаридорӣ дастрас нест.

 

Омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ

Барои ба расмият даровардани симкорт хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- Шиноснома ва тарҷумаи тасдиқшудаи он (метавон дар марказҳои тарҷумонӣ ё дар назди нортариусҳо анҷом дод);

- Рақами суғуртаи суратҳисоби инфиродии шахсӣ (СНИЛС). Агар онро надошта бошед, гирифтан лозим аст. Барои ба расмият даровардан маъмулан 5 рӯз вақт сарф мешавад. Онро метавон аз Маркази бисёрсоҳавӣ, Фонди иҷтимоии Русия ё аз корфармо дастрас кард;

- Сабти тасдиқшудаи қайд дар "Госуслуги”. Барои ин дар пойгоҳи “Госуслуги” аккаунт сохта, онро дар Маркази бисёрсоҳавӣ тасдиқ кардан зарур аст;

- Дастрасӣ ба початаи электронӣ, ки дар “Госуслуги” зикр шудааст;

- Маълумоти биометрӣ, ки дар Системаи ягонаи биометрӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин маълумотро ба оператор супурдан имкон надорад, аз ин рӯ, бо шиноснома ва Рақами суғуртаи суратҳисоби инфиродии шахсӣ ба бонк рафтан лозим меояд.

- IMEI телефони мобилӣ, ки дар он симкорт истифода мешавад. Дар назар дошта бошед, ки шумо ҳамин симкортро дар дигар дастгоҳҳои мобилӣ наметавонед истифода баред.

Акс аз РИА Новости

 

Нархи симкортҳо барои хориҷиҳо фарқ дорад?

Не. Сарфи назар аз шаҳрванди кадом кишвар будани корбар, нархи он як хел аст. Нархи симкорт ба таърифа (тариф)-и интихобкарда ва оператори алоқа вобаста аст. Фаъолсозии симкорт ройгон аст.

 

Маҳдудият. На бештар аз 10 симкорт

Ба шаҳрванди хориҷӣ иҷоза дода шудааст, ки ҳадди ниҳоӣ (максимум) 10 рақам аз ҳамаи операторон дошта бошад. Агар шумо зиёдтар дошта бошед, пас симкортҳои зиёдатиро бекор кардан лозим меояд.

 

Чӣ гуна метавон санҷид, ки ба номи шумо чанд симкорт ба қайд гирифта шудааст.

Инро метавон дар портали “Госуслуги” ё худи операторон муайян кард.

Акс аз «Известия» / Дмитрий Коротаев

 

Чӣ мешавад, агар қоидаҳоро риоя накунем?

То ҳол дар бораи риоя накардани ин қоидаҳо ҷазо расонаӣ нашудааст. Вале чораи асосӣ ин қатъи  рақам ё бекор кардани шартнома аст. 

Вале баро дорандагони симкортҳо талаботи зерин амал мекунанд:

- Симкорт дар IMEI-и як рақами мушаххас ба қайд гирифта мешавад. Истифодаи он дар дигар телефон мумкин нест;

- Симкортро ба дигар шахсон додан мумкин нест;

- Ба доштани зиёда аз 10 симкорт иҷоза дода намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.