Бо гузашти беш аз 1,5 сол, Манучеҳр Болтуев, зодаи шаҳри Панҷакент, ки шаби 22 ба 23-юми марти соли 2024, шоме, ки ба толори консерти “Крокус” дар Маскав ҳамла сурат гирифт, бедарак шуд, то ҳол ёфт нашудааст.
Яке аз наздикони ин ҷавон рӯзи 23-юми ноябр дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, бародарашро беш аз ду сол боз меҷуянд, аммо дараке нест.
“Як додарам, ки дар Русия буд, 4 фарзанди Манучеҳро нигоҳубин мекарду ягона ноновари оила буд. Вале дар моҳи ноябр аз Русия депорт (ихроҷ) шуд, ки болои сӯхта намакобро мемонад”, - гуфт хоҳари Манучеҳр Болтуев, ки нахост аз ӯ ном барем.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, аз лаҳзаи нопадид шудани бародараш ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент ва дигар мақомоти дахлдор, инчунин Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон муроҷиат карданд, аммо то ҳол бенатиҷа аст.

Модар ва ҳамсари Манучеҳр, ки қаблан дар гузориши “Азия-плюс” дар бораи бедарак шудани ӯ муфассал суҳбат карда буданд, ин дафъа барои суҳбат розӣ нашуданд.
Манучеҳр Болтуев, ки чандин сол ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар шаҳру навоҳии атрофи Маскав ба сохтмон машғул буд. Манучеҳр шаби 22-уми марти соли 2024 ба хонаводааш тамос гирифта мегӯяд, аз сабаби шароита бад доштан, тариқи мошин ва аз қаламрави Ӯзбекистон ба ватан бармегардад. Аммо бо ҳамин дигар бедарак шудааст.
Дар бораи тақдири ин ҷавон, муроҷиати оилааш ба мақомот ва рӯзу рӯзгори хонаводаи ӯ, дар гузориши видеоии “Азия-Плюс” дар ин навор маълумоти бештар гиред:




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста