Ҷангалбонӣ касби пурмасъулият ва хатаровар аст. Боз ҳам агар зане дар ин соҳа фаъолият дошта бошад. Сафарбӣ Давлатова ягона зан дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳайси ҷангалбон кор мекунад.
Сафарбӣ 52-сола сола буда, нозири ҳифзи мамнуъгоҳи “Даштиҷум” аст. Дар ин мамнуъгоҳ садҳо намуди ҳайвоноту парандагон ва зиёда аз 1 500 бузи пармашох мавҷуд аст, ки масъулияти муҳофизатии онҳо бар ӯҳдаи Сафарбӣ аст.
Имсол ба фаъолияти ӯ дар ин соҳа понздаҳ сол пур мешавад. Ба ин муносибат ӯ чанде қабл дар доираи Кунгураи ҷаҳонии ҳифзи табиат дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷоизаи байналмилалии "International Ranger Award”-ро ба даст овард. “Азия Плюс” бо Сафарбӣ дар атрофи зиндагӣ ва фаъолияти ҷангалбонӣ ҳамсӯҳбат шуд.

“Аз обрӯям тарс доштам”
“Ҳамагӣ 23 сола будам, ки ҳамсарам аз олам гузашт. Барои мане, ки боре аз деҳаи кӯчаки худ берун нашудаам, таъмини се кӯдаки хурдсол ва волидони пири ҳамсарам осон набуд. Бо чидани писта, зира, хуч, олуча, себу олуболу ва супоридани ҳамаи он ба хоҷагии деҳот зиндагиамро пеш мебурдам”, - ба ёд меорад Сафарбӣ.
Сафарбӣ вақте мевачинӣ мекард, мекӯшид ҳатто ба як шохаи дарахт осеб нарасонад. Зеро бовар дошт, дарахтон низ дардро эҳсос мекунанд. Ӯ ба дигар ҳамтоёнаш низ чунин эҳтиёткориро тавсия медод. Аз ин гуна тарзи муомилаи Сафарбӣ бо дарахтон, роҳбари ҷангал ба ваҷд меомад. Як рӯз, вақте Сафарбӣ аз мевачинӣ ба хона бармегашт, падари шавҳараш ба ӯ навгонӣ расонд.
“Хусурам гуфт, маро ба ҳайси ҷангалбон ба кор даъват кардаанд. Баробари шунидани ин хабар баланд хандидам. Ҷангалбонӣ ва ман. Дар тасаввурам намеғунҷид. Баъде, ки хусурам дубора тасмимамро дар ин бора пурсид, гуфтам, қарор дар дасти ӯ ва хушдоманам аст. Зеро ман деҳзодаам ва нигоҳу андешаи мардуми русто аз шаҳриён фарқ дорад”, - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Сафарбӣ, нахустин рӯзи ба кор рафтан, роҳбари ҷангал аз вай пурсидааст, оё воқеан боварӣ дорад, ки аз ваҳшати ҷангал наметарсад. Ӯ посух додааст, ки албатта не, агар гурӯҳи кормандон ӯро чун зани оҷиза набинанд.
“Дар ҳаётам ҳеҷ гоҳ миёни ҷамъи мардон кор накарда будам. Дар байни чилу ду мард танҳо ман зан будам. Вақте бори аввал бо гурӯҳи мардон ба ҷангал рафтам, аз ҳаё меларзидам. Шабона дар назарам ҳатто сангу дарахтон овоз мебаровард. Хушбахтона, ҳамкоронам маро бо эҳтиром “апа” садо мекарданд”, - мегӯяд зани ҷангалбон.
Нотарсӣ ва мушкилот
Сафарбӣ таъкид мекунад, ки инак ба кори худ сахт одат кардааст ва рӯзҳои истироҳатиро низ дар ҷангал мегузаронад. Ӯ баъзан шоҳиди пистахӯрии хирс, гардиши галаи хукҳои ёбоӣ, давутози бузҳои кӯҳӣ, зери пойҳояш хазидани морҳои даҳшатсурат мешавад. Аммо дигар на дучор омадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва на торикии шаб ӯро метарсонад, зеро Сафарбӣ забони табиатро омӯхтааст.
“Рӯзе, ки ба ҷангал наравам, сардард мешавам. Боре бо моддаҳои кимиёвӣ табобат нагирифтаам. Чунки аз ҳавои софи ҷангал нафас мекашам”, - гуфт ӯ.
Сафарбӣ ҳамарӯза бо либоси низомӣ, аспу дурбин ва дастгоҳ барои тамос барои адои вазифаи худ ба ҷангал меравад.
“Дар кӯдакӣ аз духтарони деҳа фақат ман асптозӣ мекардам. Ин танҳо аз рӯйи завқ буд. Намедонистам, ки рӯзе ин ҳунарам ба кор меояд”, - бо аспсавории худ ифтихор мекунад бонуи муҳофиз.
Тавре ӯ мегӯяд, ба таври содда вазифаи ҷангалбонӣ иборат аз ҷустуҷӯи нуқтаҳои зарардидаи дарахтон, дақиқ кардани хисороти табиӣ ва сунъӣ, ҳимояи ҳайвонот аз шикори ғайриқонунӣ, парвариши ниҳолҳои нодир, ҷамъоварии ҳосил ва супоридан ба анбори давлат, дар мавсими сармо барои ҷонварон пошидани хӯрок аст.
“Ҳайвоноти ваҳшӣ, махсусан хирс баъзан ба чорвои мардум ҳуҷум мекунад. Дилхоҳ соҳиби чорво дар ин ҳол ғазабӣ мешавад, аммо чорводорони Даштиҷум хашми худро фурӯ менишонанд. Зеро мо сокинони деҳро аз қонунгузорӣ огоҳ кардаем”, - мегӯяд Сафарбӣ.
Ба зикри Сафарбӣ, то солҳои наздик кор дар ҷангал заҳматталаб буд. Ҷангалбонон аз набудани фановариҳои зарурӣ мушкилӣ мекашиданд.
“На мошин буд ва на дучарха, танҳо асп доштем. Дар мавсими сармо бо асбобҳои корӣ барф мерӯфтем. Пойҳоям мелағжид, меғалтидам. Шукр, ҳоло бо ҳамаи техникаҳои зарурӣ таъмин ҳастем”, - гуфт Сафарбӣ.
Дар орзуи шогирди ҷангалбон
Ӯ мегӯяд, ҷангалбонӣ касро аз олами фасоду бухл берун ва вориди фазои беғаши табиат мекунад.
Садоқат ба касб ва меҳнати ӯ самар овард ва ба наздикӣ соҳибҷоиза шуд.

Сафарбӣ дар мавриди чӣ тавр ҷоизаи байналмилалии "International Ranger Award” -ро ба даст оварданаш чунин қисса мекунад:
“Рӯзе масъулини созмони байналмилалии Fauna & Flora гуфтанд, ки тасмим доранд, маро ба давлати дигар барои ҷоизагирӣ равон кунанд. Дунё барои дидан аст, на ин ки хӯрдан, посух додам ман. Ҳамин тавр, дар доираи сафари даҳрӯзаи худ ба шаҳри Абу-Забӣ, бо диплом барои пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳифзи растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта қадрдонӣ шудам. Мо сездаҳ нафар ҷангалбони ҷоизагиранда аз 13 давлат иштирок доштем. Аз Осиёи Марказӣ танҳо ман ва ҷангалбоне аз Ӯзбекистон ширкат дошт.”
Ба гуфтаи Сафарбӣ, фарзандонаш баъди огоҳӣ аз ҷоизагирии модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ӯ беш аз ҳарвақта ифтихор карданд.
“Орзу дорам, ки аз ҳисоби бонувон шогирд дошта бошам. Аммо дар минтақаи худ ҳеҷ занеро надидам, ки хоҳиши нозири ҳифзи табиати ваҳшӣ буданро дошта бошад. Агар яке аз сеи фарзандам касбамро идома медод, дигар ормон надоштам. Аммо дар ин бора боре ба онҳо нагуфтаам” - механдад ӯ.
Сафарбӣ гуфт, ки бо дӯст доштани касб ва масъулияти худро беғаразона иҷро кардан, кас дар байни ҷомеа рӯсурх мешавад Танҳо ба ин бояд бовар кард ва содиқ буд.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста