Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори шинохта ва зиндонии тоҷик, имрӯз нахустин зодрӯзашро паси панҷараи маҳбас мегузаронад. Ӯ моҳи феврали имсол бо иттиҳоми “кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Комилзода ҳоло 73 сол дорад ва дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунад.
Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшоҳ Комилзода имрӯз дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки падараш иттиҳомро қабул накардааст ва то ҳол ба бегуноҳии худ исрор меварзад.
“Ҳамаи айбномаро дар додгоҳ рад кард. Бо аксари муттаҳамоне, ки дар доираи ин парванда боздошт ва зиндонӣ шуданд, робита надошт. Танҳо Акбаршо Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимовро мешинохт. Аммо бо онҳо рафтуомад надошт, танҳо дар ягон чорабиниҳо рӯбарӯ мешуду шояд суҳбати сарироҳӣ дошт, тамом. Дигаронашро аслан намешинохт”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, ки пайвандон ҳар 4 моҳ дар зиндони воқеъ дар шаҳри Ваҳдат бо Аҳмадшоҳ Комилзода мулоқот мекунанд ва интизор меравад, ки имрӯз – дар рӯзи зодрӯзаш писарашу ҳамсараш бо вай вохӯранд.
“Бори охир 4 моҳ пеш бо падар мулоқот доштем. Вазъи саломатиаш дар умум бад набуд, албатта, вобаста ба синну солаш зуд-зуд саломатиаш ноҷур мешавад. Чанде пеш дар бемористони зиндон ҷарроҳии чашм гузарондем. Аз духтурони зиндон, сипосгузорем”, - иброз дошт Шаҳноз Комилзода.
Ба гуфтаи ӯ, падараш “ҳаргиз на ба миллат, на ба кишвар, на ба дӯстонаш, ба ҳеҷ каси дигар хиёнат накардааст ва ҳатто дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд. Тамоми умр барои пешрафти илму фарҳанги миллат ва кишварамон заҳмат кашид. Дар ин сину сол мехостем дар канорамон бошаду зиндагии орому осоишта дошта бошад. Аммо афсӯс...”.
Духтари Комилзода дар робита ба умеди озодии падараш гуфт, “инсон то вақте зинда аст, ба ояндаи нек умед дорад. Умедамон ба роҳбари кишвар аст”.

Ҳолномаву корномаи Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода 18-уми декабри соли 1952 дар ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм ва Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (имрӯза Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон) аст ва чанд соли аввали кориаш ба омӯзгорӣ машғул шудааст.
Баъдан ба пешаи рӯзноманигорӣ пардохт. Солҳои 1974-1979 Комилзода муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии “Пионери Тоҷикистон” буд. Аз соли 1983 то 1991 журналисти ТВ “Тоҷикистон” буд ва соли 1992 барои чанд моҳ роҳбари ин телевизион шуд.
Пас аз авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, Комилзода охири соли 1992 боздошт ва аз январи 1993 то ноябри 1994 дар боздоштгоҳи тафтишотии Душанбе нигаҳдорӣ шуд.
Баъди раҳоӣ дар доираи табодули 27 маҳбуси сиёсӣ бо афсарони ҳукуматӣ, ӯро ба Афғонистон бурданд ва то апрели 1995 ҳамчун паноҳанда дар Афғонистон ба сар мебурд, баъдан ба Эрон интиқол дода шуд.
Дар Афғонистон, ба гуфтаи худаш, як муддат зери нуфузи қумандони мухолифин Ризвон Содиров амалан дар шароити асорат қарор дошт, то даме ки ба Эрон интиқол дода шуд.
Пас аз имзои созишномаи сулҳ, 11-уми сентябри соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт ва ба унвони сухангӯи Комисияи оштии миллӣ фаъолият кард.

Кор дар расонаҳои байналмилалӣ
Солҳои 1980-1983, то ҷанг, ӯ ҳамчун тарҷумони русӣ-форсӣ ва омӯзгори забонҳо дар ҳайати Вазорати нафту гази ИҶШС дар Афғонистон (Мазори Шариф, Шибирғон) фаъолият кардааст. Баъд дар давраи гурезагӣ, солҳои 1995-1997 дар Теҳрон ҳамчун хабарнигор ва омӯзгори забони русӣ барои хабарнигорони эронӣ дар рӯзномаи давлатии “Кайҳон” кор кардааст.
Соли 2001 ӯ шореҳи сиёсии хабаргузории давлатии Ҷопон - “NHK” буд ва аз соли 2001 то 2013 хабарнигор ва мудири бахши Осиёи Марказӣ дар радиои “Садои Амрико” (бахши дарӣ) дар Вашингтон буд. Дар ин давра Комилзода беш аз пеш шинохта шуд ва давраи беҳтарини кориаш дониста мешавад.
Солҳои 2013 - 2015 сардабири маҷаллаи тиббию маърифатии “Модар” буд. Аз соли 2015 то 2018 ҳамчун муҳаррири калон ва муовини директори Муассисаи нашриявии “Маориф”-и Вазорати маориф ва илм фаъолият кард.
Дар ҳамин ҳол, фаъолияти ҳизбиву сиёсиашро пеш мебурд: қаблан аъзои ҳаракати “Растохез” буд, соли 2012 ба Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) пайваст ва чанд соли охир муовини аввали раиси ин ҳизб буд.
Комилзода кай ва чаро боздошту зиндонӣ шуд?
Комилзода 27-уми июни 2024 дар Душанбе боздошт шуд. Ин боздошт дар ҳамбастагӣ бо парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд шахсияти дигари маъруф шарҳ дода шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2025 Комилзодаро бо айби “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 306, қисми 2, банди “в” КҶ) гунаҳкор дониста, ба 19 сол равонаи зиндон кард. Додгоҳи таҷдиди назар ҳам ҳукми варо бетағйир гузошт. Аммо худаш ин иттиҳомро напазируфт.






Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста