Теъдоди қурбониёни гармои шадид дар қисми ҷанубии Покистон ба беш аз 1000 нафар расид.
Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин шарҳи ин хабар менависад, дар шаҳри бандарии Карочӣ, ки 20 млн нафар аҳолӣ дошта, низоми обрасонии он бо сабаби камбуди барқ ба мушкилӣ дучор аст, гармии ҳаво ба 45 дараҷа баробар шудаааст, боиси азияти аҳолии маҳаллӣ шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳои гарм аксар минтақаҳои кишвар ба неруи барқ дастрасӣ надоранд ва ин хашму ғазаби сокинонро барангехтааст. Табибон дар ин робита аз сокинон даъват ба амал овардаанд, ки либоси пахтагин ба бар карда, дар зери сояву лаби соҳилҳо ва дигар ҷойҳои салқин панаҳ баранд.
Тибқи пешгӯйии ҳавошиносон, ояндаи наздик дар ин кишвар бориши борон ва обхезӣ дар назар дошта шудааст. Ҳукуматдорони мамлакат барои кумак ба зарардидагон сарбозони Артишро сафарбар кардаанд. Вазифаи ин сарбозон аз тахлияи сокинон ба ҷойҳои салқин иборат аст.
Зикр мегардад, ки чунин гармии ҳаво давоми чанд соли ахир дар Покистон бесобиқа унвон мешавад. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, бори охир ҳарорати тоқатфарсо соли 1979-ум дар минтақаи Синди шаҳри Карочӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон дамои ҳаво то ба 47 дараҷа мерасид.
Қобили зикр аст, ки як моҳ пеш дар Ҳиндустон низ бори дуввум дар таърих гармтарин ҳаво мушоҳида шуда, беш аз 2000 қурбонӣ дар пай гузошта буд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста